Дар Душанбе мусобиқа байни дастаҳои футболи бонувон оғоз шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе мусобиқа байни дастаҳои футболи бонувон оғоз шуд

Дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе сабқати ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои футболи занона оғоз ёфт.

Дар мусобиқа шаш даста ширкат мекунанд. Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои “Душанбе”, “Норак”, “Спитамен” ва ба гурӯҳи “В” дастаҳои “Хуҷанд”, “Турсунзода” ва “Қӯрғонтеппа” шомил шуданд.

Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо мутобиқи системаи даврӣ дар як давр доир мешаванд. Давомнокии вақти бозиҳо аз 60 дақиқа иборат аст. Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳ ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд.

 

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум

25 сентябр (ҷумъа)

10:00 – Душанбе – Норак

11:15 – Хуҷанд – Қӯрғонтеппа

 

Даври 2-юм

26 сентябр (шанбе)

9:00 – Спитамен – Норак

10:15 – Турсунзода – Қӯрғонтеппа

Даври 3-юм

27 сентябр (якшанбе)

9:00 – Душанбе – Спитамен

10:15 – Хуҷанд – Турсунзода

 

Бозиҳои ҳалкунанда

28 сентябр (душанбе)

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

10:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

11:30 – Бозии финалӣ

Добавить комментарий