Дар бозии Тоҷикистону Австралия наздики 9 ҳазор билет фурӯхта шудаст – Федерация Футбола Таджикистана

Дар бозии Тоҷикистону Австралия наздики 9 ҳазор билет фурӯхта шудаст

Дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни Тоҷикистону Австралия аллакай наздики 9 ҳазор билет фурӯхта шудаст. Дар ин бора роҳбари департаменти маркетинг ва алоқа бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирӯз Ҳасанов хабар дод.

Бозии байни мунтахабҳои Тоҷикистону Австралия рӯзи 8 сентябр, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ки 19 600 ҷои нишаст дорад, баргузор мегардад.

“Аллакай наздики 9 ҳазор билет фурӯхта шудаст. Маълум аст, ки бисёрии мухлисон билетҳоро дар рӯзи бозӣ ва ё як рӯз пештар харидорӣ мекунанд. Вобаста ба зиёд будани талаботи мухлисон мо аз онҳо даъват мекунем, ки билетҳоро пештар харидорӣ намоянд. Охир, чемпиони феълии Осиё, мунтахаби Австралия меҳмони мо мешавад. Хазинаҳои билетфурӯшии варзишгоҳ аз соати 7.00 то 21.00 кор мекунанд. Мо боварӣ дорем, ки мухлисони зиёд ба тамошои бозӣ меоянд ва дар варзишгоҳ ҷои холӣ намемонад. Мо барои таъмини иштироки мухлисон дар бозӣ ҳамаи шароитҳоро дорем”, – гуфт дар мусобҳибааш бо торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирӯз Ҳасанов.

Ёдрас месозем, ки билетҳои муқаррарии бозӣ 20 сомонӣ ва билетҳо барои “сектори сабз” 100 сомонӣ арзиш доранд.

Барои маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 501 17 69 90; 98 775 35 35 тамос бигиред.

Қайд мекунем, ки ҳамаи VIP-билетҳо, аллакай фурӯхта шуданд! VIP-билетҳо 700 сомонӣ арзиш доранд ва соҳибони онҳо бозиро аз нишастгоҳи мулоиму бофароғати VIP- ложаи Варзишгоҳи марказӣ тамошо мекунанд. Инчунин, ҳангоми танаффус  ба дорандагони VIP-белетҳо дар нуқтаи махсуси ғизохӯрӣ хизмат расонда мешавад.

Пас аз вохӯрии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия,  бозии лотореяи варзишӣ доир хоҳад шуд. Дар бозии лотореяи варзишӣ миёни мухлисон тӯҳфаҳои қимматбаҳо – се адад смартфонҳои Samsung S6 ва ҳамин қадар смарт-соатҳои Samsung Gear S бозӣ доронда мешаванд.

Добавить комментарий