Дар бозиҳои санҷиши ҳарифони «Истиқлол» маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар бозиҳои санҷиши ҳарифони «Истиқлол» маълум шуданд

Ҳарифони чемпиони чоркаратаи футболи Тоҷикистон дар бозиҳои санҷишии ҷамъомади омӯзишӣ-машқии дуюми зимистонии даста дар Анталияи Туркия маълум шуданд.

Бозии аввали «Истиқлол» рӯзи 3-юми феврал бо «Варда»-и Маҷористон доир мешавад. «Варда» дар дивизиони якуми чемпионати Маҷористон баромад мекунад. Ҳарифи дуюми дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Қазоқистон, бошгоҳи футболи «Тараз» мешавад, ки дар премер-лигаи ин кишвар баромад мекунад. Чемпиони дукаратаи Қазоқистон «Шахтёр»-и Қарағанда ҳарифи «Истиқлол» дар бозии сеюми санҷишӣ хоҳад шуд. Ҳамаи бозиҳо дар майдони футболи меҳмонхонаи «Корвонсарой» доир мешаванд. Ҳарифи дастаи пойтахт дар бозии чоруми санҷишӣ, андактар маълум мегардад. Бозии аввал бо дастаи маҷористонӣ соати 15:00 ба вақти маҳалӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

 

Бозиҳои санҷишии «Истиқлол» дар Анталия

3 феврал (чоршанбе)

Оғоз – 18:00

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Варда» (Маҷористон)

6 феврал (шанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Тараз» (Қазоқистон)

12 феврал (ҷумъа)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шахтёр» (Қазоқистон)

Добавить комментарий