Дар бозӣ бо «Хайр» боиродагии «Истиқлол» боиси ғолибияташ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар бозӣ бо «Хайр» боиродагии «Истиқлол» боиси ғолибияташ шуд

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври дувоздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон, ки рӯзи 14-уми сентябр, дар Варзишгоҳи «Авиатор» байни дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Хайр» доир шуд, футболбозони дастаи пойтахт матонату соҳибиродагӣ зоҳир карда, бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯз шуданд.

Ҳисобро дар дақиқаи 31-уми вохӯрӣ меҳмонони ваҳдатӣ боз карданд. Голро Умед Азизов ба самар расонд. Соҳибони майдон баъди ду дақиқа ҳисобро баробар карданд. Голро капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳулоев ба самар расонд. Қисми якуми вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт.

Дар қисми дуюм бошад, соҳибони майдон матонату қавииродагӣ зоҳир карда, ба дарвозаи меҳмонони шаҳри Ваҳат боз се голи дигар заданд. Голҳоро Ҷаҳонгир Алиев, Манучеҳр Ҷалилов ва Нозим Бобоҷонов ба ҳадаф расонданд. Ба ин тартиб, бозии мавқуфгузоштаи даври дувоздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон байни «Истиқлол» ва «Хайро» бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 12-ум

«Истиқлол» – «Хайр» – 4:1

Голҳо: Умед Азизов, 31 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 33 (1:1). Ҷаҳонгир Алиев, 51 (2:1). Манучеҳр Ҷалилов, 71 (3:1). Нозим Бобоҷонов, 90 (4:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор (Исмоил Алимардонов, 90), Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Манучеҳр Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 89).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Парвиз Ҳамидов, Далер Шарипов, Далер Имомназаров, Фирӯз Шамсиев, Дилобшо Тугоншев, Одил Бобоназаров, Воҳид Соҳибназаров, Умед Азизов, Ҷаҳонгир Хайров (Фирдавси Файззода, 75).

Огоҳонида шуданд: Фаридун Шарипов («Истиқлол»), Далер Шарипов («Хайр»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Миралӣ Муродов («Хайр»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

14 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 1000 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 12 9 3 0 35-12 30
2 КМВА «Помир» (Душанбе) 12 6 2 4 16-9 20
3 «Ҳосилот» (Фархор) 11 5 4 2 20-11 19
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 11 5 2 4 23-14 17
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 11 5 2 4 16-16 17
6 «Вахш» (Қӯрғонтепа) 12 5 2 6 18-23 17
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 11 5 1 5 12-18 16
8 «Хайр» (Ваҳдат) 12 4 4 4 16-17 16
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 11 1 2 8 8-21 5
10 «Равшан» (Кӯлоб) 11 0 2 9 9-33 2

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 12 гол, Агблей Джонес («Хайр»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 8 голӣ, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 7 голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»/«Регар-ТадАЗ»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 6 голӣ.

 

Дар даври 14-ум вомехӯранд:

17 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Хайр»

18 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати16:00

«Парвоз» – «Ҳосилот»

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

«Вахш» – «Равшан»

Добавить комментарий