Дар ҷадвали бозиҳои даври ҳафуми чемпионати Тоҷикистон тағйирот ворид шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар ҷадвали бозиҳои даври ҳафуми чемпионати Тоҷикистон тағйирот ворид шуд

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозиҳои даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ тағйирот ворид кард.

Бо сабаби гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ оиди илова намудани тағйиру иловаҳо ба Кониститутсияи Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи 22 май доир мешавад, якчанд бозии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба вақти дигар гузаронида шуд. Бозӣ байни “Барқчӣ”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки мувофиқи тақвими мусобиқа бояд рӯзи шанбеи 21 май доир мегардид, рӯзи ҷумъаи 20 май дар Варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт баргузор хоҳад шуд. Бозии байни дастаҳои “Хайр” – “Истиқлол” ва “Ҳосилот” – “Хуҷанд” бошад аз рӯзи якшанбеи 22 май ба рӯзи шанбеи 21 май гузаронида шуд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии марказии давр байни чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат бо сабаби ҷавобгӯи баргузориҳои бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ набудани варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурияви шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

20 май (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

 

21 май (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Равшан» – «Парвоз»

Кӯлоб, варзишгоҳи Марказӣ

 

«Вахш» – КМВА «Помир»

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

 

«Хайр» – «Истиқлол»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

Фархор, варзишгоҳи Марказӣ

Добавить комментарий