«Чортан» – ғолиби маҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар Кӯлоб – Федерация Футбола Таджикистана

«Чортан» – ғолиби маҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар Кӯлоб

Марҳилаи аввали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дар минтақаи Кӯлоб бо ғалабаи дастаи «Чортан» анҷом ёфт.

Он гуна ки ба мо сардори шӯъбаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон Елчибек Елчибеков хабар дод, дар ин мусобиқа 20 даста ширкат карданд.

Дастаҳои «Чортан» ва «Эсхата» бо финали мусобиқа баромаданд. Вақти асосии ин вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани зарбаҳои шашметраи баъд аз бозӣ бошад, бахт ба рӯи футзалистони «Чортан» хандид ва онҳо бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуданд. Бозӣ дар ҳузури тамошобинони сершумор доир шуд.

Ба ин тартиб, дастаи футзали «Чортан» соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд. «Эсхата» бошад, бо яке аз дастаҳои иштирокчии Лигаи касбии футзали Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа дар бозии плей-офф рӯбарӯ мешавад.

Добавить комментарий