Чиптаҳои бозии Тоҷикистон – Бангладеш аз 10 то 50 сомонӣ арзиш доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Чиптаҳои бозии Тоҷикистон – Бангладеш аз 10 то 50 сомонӣ арзиш доранд

Чиптаҳои бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Бангладеш, ки рӯзи 12 ноябр, соати 17.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад, аз 10 то 50 сомонӣ арзиш доранд.

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  Федератсияи футболи мамлакат арзиши чиптаҳои бозиро пасттар кард. Чиптаҳои дараҷаи якум барои сектори сабз 50 сомонӣ ва дараҷаи дуюм барои сектори сабз 20 сомонӣ  арзиш доранд. Арзиши чиптаҳо барои минбарҳои дигари варзишгоҳ – шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ бошад, 10 сомонӣ муқаррар шуд.

Ҳаммаи мухлисонро рӯзи 12 ноябр ба Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барои дастгирии мунтахаби миллии Тоҷикистон муқобили Бангладеш даъват мекунем!!!

Добавить комментарий