Чемпионати Тоҷикистон: пирӯзии «Барқи тоҷик» бар «Парвоз» – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон: пирӯзии «Барқи тоҷик» бар «Парвоз»

Дастаи «Барқи тоҷик» дар даври понздаҳуми чемпионати Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар «Парвоз» бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ аввалӣ шуда, ҳисобро ҳавонавардон боз карданд. Аммо шогирдони Алишер Тухтаев  аз худ матонату қавииродагӣ зоҳир карда, ба задани ду гол муваффақ шуданд.

Гоҳои «Барқи тоҷик»-ро Фирӯз Раҳматов ва Вайсиддин Сафаров ба самар расонданд. Баъд аз ин ғалаба дружинаи Алишер Тухтаев ба зинаи ҳаштуми ҷадвали чемпионат баромада, аз «Вахш» пеш гузашт.

Пагоҳ, 24 октябр, боз ду бозии чемпионати Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар доираи бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 14-ум «Регар-ТадАз»-и Турсунзода дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бошад, дар доираи бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 15-ум дар варзхишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад. Оғози ин бозиҳо соати 15.00.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 15-ум

«ПАРВОЗ» – «БАРҚИ ТОҶИК» – 1:2

Голҳо: Қурбонбек Ҳайдаров, 18 (1:0). Фирӯз Раҳматов, 63 (1:1). Вайсиддин Сафаров, 87 (1:2).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Рамзбек Норбобоев, Рашид Мирхолиқов, Умед Одинаев, Абдумалик Юсупов, Фирдавс Хоҷаев, Рустам Домлоҷонов, Азияр Ҳамидов (Шоҳрух Тошматов, 74), Азиз Юсуфҷонов, Қурбонбек Ҳайдаров (Фарҳод Ҳикматуллоев, 79), Бахтовар Зокиров, Собир Эргашев (Хуршед Воҳидов, 61).

«Барқи тоҷик» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев, Сергей Абрамов, Ромиз Баҳриддинов, Био Френсис, Сафархон Мирзоев, Сорбон Карамов, Самад Шоҳзуҳуров (Фаррух Фузайлов, 82), Вайсиддин Сафаров, Фирӯз Юсупов (Шодмон Тағойзода, 67), Фирӯз Раҳматов (Алишер Ҷӯраев, 90+2), Соломон Течи.

Огоҳонида шуданд: Азиз Юсуфҷонов, Абдумалик Юсупов, Фирдавс Хоҷаев («Парвоз»).

Аз майдон хориҷ шуд: Био Френсис («Барқи тоҷик»), 76 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сафархон Мирзоев («Барки тоҷик»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Шӯҳрат Шамсиев (Истаравшан).

23 октябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 300 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 14 13 1 0 50-2 40
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 10 3 1 28-10 33
3 «Равшан» (Кӯлоб) 13 8 2 3 30-22 26
4 «Хайр» (Ваҳдат) 15 7 4 4 18-23 25
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 14 6 6 2 19-10 24
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 15 6 2 6 10-14 20
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 15 3 3 9 15-25 12
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 15 3 2 10 12-25 11
9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 2 4 8 5-25 10
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 15 0 1 14 4-34 1

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан»), Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») –  15 голӣ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») –  8 голӣ,  Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 5 голӣ.

 

Бозиҳои навбатии чемпионат:

Бозии даври 14-ум

24 октябр (шанбе)

Оғози бозӣ соати 15:00

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

 

Бозии даври 15-ум

24 октябр (шанбе)

Оғоз соати 15:00

«Хуҷанд» – «Равшан»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

Бозии даври 16-ум

26 октябр (душанбе)

Оғоз соати 15:00

«Истиқлол» – «Парвоз»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Бозии даври 16-ум

2 ноябр (душанбе)

Оғоз соати 15:00

«Барқи тоҷик» – «Регар-ТадАз»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Добавить комментарий