Чемпионати Тоҷикистон: КМВА “Помир” бар “Парвоз” ғолиб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон: КМВА “Помир” бар “Парвоз” ғолиб шуд

Дар даври чордаҳуми чемпионати футболи Тоҷикистон КМВА “Помир”-и Душанбе бар “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб шуд.

Бозӣ дар Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Голи мудофиачиёнро дар дақиқаи 74-уми вохӯрӣ Фирдавс Чақалов ба самар расонд. Баъд аз чордаҳ давр мудофиачиён бо 20 имтиёз мақоми шашуми ҷадвали чемпионатро ишғол мекунанд. Дар зинаи панҷуми ҷадвали чемпионат металлургчиёни Турсунзода қарор доранд. Бояд гуфт, ки “Регар-ТадАз” нисбат ба КМВА “Помир” як бозӣ кам гузарондааст.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

КМВА «ПОМИР» — «ПАРВОЗ» — 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 74.

КМВА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Фирдавс Чақалов, Фурӯғ Қодиров, Сефах Жаке Нана, Павел Калугин, Парвиз Кашкаров, Сайёди Ковусшо (Беҳзод Шарифов, 67), Орзу Додхудоев (Алишер Холмуродов, 31), Шамсиддин Қосимов, Давронҷон Тухтасунов (Рустам Толибов, 25), Наполеон Андох.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Рамзбек Норбобоев, Рашид Мирхоликов, Умед Одинаев, Абдумалик Юсупов, Рустам Домлоҷонов, Хуршед Воҳидов, Азияр Ҳомидов, Қурбонбек Ҳайдаров, Бахтовар Зокиров, Маруф Марифбоев (Фарҳод Ҳикматуллоев, 70), Азиз Юсуфҷонов.

Огоҳонида шудандАлишер Холмуродов, Шамсиддин Қосимов (КМВА «Помир»), Фарҳод Ҳикматуллоев, Рустам Домлоҷонов («Парвоз»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирдавс Чақалов (КМВА «Помир»).

СардоварСайёд Зайниддинов (Душанбе) – 8,5 хол.

Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

27 сентябр. Душанбе.Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 300 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 12 1 0 49-2 37
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 10 3 1 28-10 33
3 «Равшан» (Кӯлоб) 13 8 2 3 30-22 26
4 «Хайр» (Ваҳдат) 14 7 3 4 18-23 24
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 13 6 5 2 19-10 23
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 14 6 2 6 10-14 20
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 14 3 3 8 15-24 12
8 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 14 2 2 10 10-24 8
9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 13 1 4 8 4-25 7
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 14 0 1 13 3-32 1

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 гол, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 гол, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8 голӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 5 голӣ.

Добавить комментарий