Чемпионати Тоҷикистон: “Хуҷанд” қисми якумро дар зинаи дуюм анҷом кард – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон: “Хуҷанд” қисми якумро дар зинаи дуюм анҷом кард

Рӯзи шанбеи 27 июн се бозии даври ҷамъбастии қисми якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. “Хуҷанд” дар майдони худ бар “Барқи тоҷик” бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуд. Баъди ин ғалаба дастаи соҳили Сирдарё бо 20 имтиёз мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошта ба танаффуси тобистона баромад.

Голи ягонаи хуҷандиҳоро ниммуҳофизи мунтахаби миллии кишвар Иброҳим Рабимов ба самар расонд. Рабимов партофти хуби ҳамдастааш Ҷаҳонгир Алиевро бо сар моҳирона ба дарвозаи Эмомалӣ Сониев равон намуд. Ёдовар месозем, ки ин бозиро ситоди мураббиёни “Хуҷанд” бо сардории Нумонҷон Юсупов аз нишастгоҳи мухлисон назорра намуданд.

Муддаии дигари медалҳои чемпионат “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ бо КМВА “Помир” рақобат кард. Бозӣ бисёр шавқовару бошиддат сурат гирифта, мусовӣ ва бидуни гол анҷом шуд. Металлургчиён бо 16 имтиёз дар ҷадвали чемпионат зинаи сеюмро ишғол мекунанд ва нисбати “Хуҷанд”, ки дар зинаи дуюм қарор дорад, ҳамагӣ чор имтиёз камтар доранд. КМВА “Помир” бо 11 имтиёз аз 9 вохӯрӣ дар ҷадвали чемпионат мақоми шашумро ишғол мекунад.

Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ, ҷоизадори медалҳои биринҷии мавсими футболи соли гузаштаи Тоҷикистон “Далерон-Уротеппа”-ро, ки айни замон мушкилоти сангини молиявиро паси сар мекунад, бо ҳисоби бузурги 5 бар 0 шикаст дод. Ду голи кӯлобиҳоро легионери эронии “Равшан” Ҳусейни Сӯҳробӣ ва як голиро  Наврӯз Рустамов, Индӯст Ҳусайнов ва Шодибек Ғаффоров ба самар расониданд. Баъди ин ғалаба шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ба квартети пешсафони ҷадвали чемпионат шомил шуданд.

Ду бозии дигари даври ҷамъбастии қисми якуми чемпионати мамлакат рӯзи якшанбеи 28 июн доир мешаванд. Пешсафи ягонаи ҷадвали чемпионат, чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и пойтахт дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18.00 “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул мекунад. Витсе-чемпиони Тоҷикистон “Хайр”-и Ваҳдат бошад, дар меҳмонӣ бо аутсайдери лига “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯбарӯ мешавад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«ХУҶАНД» «БАРҚИ ТОҶИК» 1:0

Гол: Иброҳим Рабимов, 49.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдуазиз Маҳкамов, Сергей Абрамов, Комрони Мирзохон, Манучеҳр Ахмедов, Фирӯз Бобиев, Бахтиёр Чориев, Иброҳим Рабимов, Дилшод Каримов (Икромҷон Каримҷонов, 90+1), Ҷаҳонгир Алиев, Фарҳод Тоҳиров (Вайсиддин Сафаров, 68), Аҳтам Ҳамроқулов (Дилшод Бозоров, 68).

«Барқи тоҷик» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев, Далер Бердиқулов, Сафархон Мирзоев, Алишер Ҷӯраев, Самандари Хайриддин, Фаррух Фузайлов, Самад Шоҳзуҳуров, Ҳикматулло Малодӯстов, Ҳокимҷон Ҳасанов, Шодмон Тағойзода, Шавкати Ҳотам.

Огоҳонида шуданд: Сафархон Мирзоев, Самад Шоҳзуҳуров («Хуҷанд»).

Аз бозӣ ронда шуд: Ҳокимҷон Ҳасанов («Барқи тоҷик»), 83 – барои таҳқири сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣҶаҳонгир Алиев («Хуҷанд»).

СардоварАъзамҷон Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Эраҷ Носехов (Душанбе).

27 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

КМВА «ПОМИР» «РЕГАР-ТАДАЗ» 0:0

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов, Павел Калугин, Дилшод Сафармамадов, Комрони Мирзонаҷот, Шамсиддин Қосимов, Давронҷон Тухтасунов (Алишер Холмуродов, 90+2), Парвиз Кашкаров, Сайёди Ковусшо, Беҳзод Шарифов (Рустам Толибов, 51).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Ойбек Абдуғаффоров, Далерҷон Тухтасунов, Бахтиёр Азимов, Фарҳод Холбеков (Нумон Зокиров, 85), Нозим Бобоҷонов, Абдулло Саидов, Расул Пайзов (Фаридун Шарипов, 67), Фирӯз Қараев (Музаффар Сироҷиддинов, 75), Комрон Турсунов, Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Парвиз Кашкаров, Беҳзод Шарифов (КМВА «Помир»), Фирӯз Қараев, Далерҷон Тухтасунов, Абдулло Саидов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

27 июн. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ

 

«РАВШАН» «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» 5:0

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 18 (1:0). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 20 (2:0). Наврӯз Рустамов, 85 (3:0). Индӯст Ҳусейнов, 90 (4:0). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (5:0).

 

28 июн (якшанбе)

Оғоз соати 18:00

«ИСТИҚЛОЛ» «ВАХШ»

«ПАРВОЗ» «ХАЙР»

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 8 0 0 29-2 24
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 6 2 1 16-6 20
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 4 4 1 14-7 16
4 «Равшан» (Кӯлоб) 9 4 2 3 17-17 14
5 «Хайр» (Ваҳдат) 8 4 1 3 12-12 13
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 3 2 4 7-12 11
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 9 3 2 4 10-12 11
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 1 3 4 3-10 6
9 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 9 1 2 6 5-16 5
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 8 0 0 8 0-19 0

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 6 гол, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ, Дилшод ВОСИЕВ (ҳар ду аз «Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд») – 5 голӣ, Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 4 голӣ.

Добавить комментарий