Чемпионати Тоҷикистон: чемпион имтиёз тақсим мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон: чемпион имтиёз тақсим мекунад

Барномаи бозиҳои даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 12 июн бо баргузории се бозӣ ҷамъбаст шуд. Дар бозии марказии давр дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор байни «Ҳосилот»-и маҳаллӣ ва чемпиони феълии футболи кишвар «Истиқлол»-и Душанбе ғолиб маълум нашуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 29-ум ниммуҳофизи «Ҳосилот» Иброҳим Рабимов боз кард. Рабимов зарбаи пеналтиро амалӣ намуд. Голи ҷавобии «Истиқлол»-ро ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 70-уми бозӣ ба нишон расонд. Ба ин тартиб, то анҷоми вохӯрӣ дигар натиҷаи бозӣ тағйир наёфт. Ин дувумин  мусовии пайдарҳами чемпион дар мавсими имсолаи футбол мебошад. Дар даври гузашта «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиро бо «Хайр»-и Ваҳдат мусовӣ ва бидуни гол анҷом дода буд. Новобаста ба ин клуби футболи пойтахт дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафияшро нигоҳ медорад. «Истиқлол» нисбат ба «Ҳосилот», ки дар ҷадвали чемпионат дар зинаи дуюм меистад, панҷ имтиёз бештар дорад.

КМВА «Помир» Душанбе дар ин давр дар майдони худ ба яке аз дастаҳои аутсайдери чемпионат –  «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби калони 3 бар 0 пирӯз шуд. Голҳои мудофиачиёнро Шодибек Ғафоров, Фирдавс Чақалов ва легионери ганагӣ Андох Наполеон ба самар расонданд.

Инчунин, дар ин давр «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар майдони худ ба муваффақият ноил шуд. Дружинаи Меҳроб Заурбеков чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон «Регар-ТадАз»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб сохт. Се имтиёзро ба командаи шаҳри Турсунзода зарбаҳои аниқи Холмурод Назаров ва Аҳтам Ҳамроқулов оварданд. Як голи муталлургчиёнро Дороб Эргашев зад.

Баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳои «Вахш» бо шумораи холҳои КМВА ва «Барқчӣ» (13 имтиёз) баробар шуда, дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба зинаи чоруми ҷадвали мусобиқа баромад.

Қисми якуми чемпионати имсолаи кишвар бо баргузории бозиҳои даври ҳаштуми мавқуфгузошта анҷом хоҳад шуд. Даври мазкур рӯзҳои 18 ва 19 июн баргузор мешавад. Рӯзи 18-уми июн ду бозӣ доир мешавад ва дар онҳо «Парвоз» – «Вахш» ва «Регар-Тадаз» –  «Равшан» бо ҳам вомехӯранд. Се бозии дигар – «Истиқлол» – КМВА «Помир», «Хуҷанд» – «Барқчӣ» ва «Хайр» – «Ҳосилот»  рӯзи 19 июн доир хоҳад шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«Ҳосилот» – «Истиқлол» – 1:1

Голҳо: Иброҳим Рабимов, 29 – аз пеналти (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 70 (1:1).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Далер Шомуродов, Мусо Содиқ, Иброҳим Рабимов, Наврӯз Рустамов (Хайрулло Азизов, 84), Ҳасан Рустамов (Орзу Додхудоев, 62), Абдурасул Раҳмонов, Акуффо Гершон, Соломон Течи, Сафаралӣ Каримов (Ҳикматулло Расулов, 52).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мауто, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ (Нозим Бобоҷонов, 58), Парвизҷон Умарбоев (Фаридун Шарипов, 67), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

Огоҳонида шуданд: Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»), Фаридун Шарипов, Манучеҳр Ҷалилов, Давронҷон Эргашев («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нуриддин Давронов («Истиқлол»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

12 июн. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 8500 тамошобинон.

 

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Холмурод Назаров, 22 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 76 (2:0). Дороб Эргашев, 78 (2:1).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Холмурод Назаров, Фирӯз Ризомов (Умарҷон Шарипов, 46), Улуғбек Абдулхайров, Азим Раҳмонов, Алексей Негматов, Собир Холматов (Муҳаммадрофеъ Холов, 90+1), Умедҷон Шарипов, Эҳсон Бобоев (Нумонджон Хакимов, 60), Джамолиддин Зардиев, Ахтам Хамрокулов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Алишер Шарипов, Фарод Холбеков, Бахтиёр Азимов, Фаррух Чориев (Сорбон Карамов, 46), Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов (Аскар Равшанов, 65), Фирӯз Қараев, Комрон Турсунов (Меҳроҷидин Музаффаров, 46).

Огоҳонида шуданд: Азим Раҳмонов, Алексей Негматов, Собир Холматов («Вахш»), Дороб Эргашев, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ахтам Хамрокулов («Вахш»).

Сардовар: Хусрави Сиддикзод (Душанбе).

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

12 июн. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2000 тамошобинон.

 

КМВА «Помир» – «Парвоз» – 3:0

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 44 – аз пеналти (1:0). Фирдавс Чақалов, 47 (2:0). Андох Наполеон, 60 (3:0).

Пеналтии амалинашуда: Давронҷон Тухтасунов (КМВА «Помир»), 37 – болочӯб.

КМВА «Помир» (Душанбе): Азимҷон Қараев, Акмал Сабуров, Комрони Мирзохон, Фирдавс Чақалов, Сефах Жаке Нана, Шамсиддин Қосимов (Фирӯз Раҳматов, 35), Парвиз Кашкаров, Комрони Мирзонаҷот, Шодибек Ғаффоров, Андох Наполеон (Шарафҷон Солеҳов, 75), Давронҷон Тухтасунов.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳиб Эргашев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Асатулло Нуруллоев, Руслан Таваккалов, Диловар Бойкузиев, Далер Бердиқулов, Олим Ҳоҷиматов (Аваз Норкузиев, 60), Рустам Домуллоҷонов (Шоҳрух Тошматов, 54), Азиз Шамсиев, Рашид Мирхолиқов, Меҳрулло Бобоев.

Огоҳонида шуданд: Комрони Мирзонаҷот, Давронҷон Тухтасунов, Фирӯз Раҳматов (КМВА «Помир»), Олим Ҳоҷиматов, Бахтиёр Абдураҳмонов, Руслан Таваккалов («Парвоз»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирдавс Чақалов (КМВА «Помир»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

12 июн. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумурии Тоҷикистон. 500 тамошобин.

 

«Равшан» – «Хуҷанд» – 2:3

Голҳо: Дилшод Бозоров, 8 (0:1). Саидхони Амрохон, 22 (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 25 (1:2). Аваз Қамчинов, 69 (2:2). Шоҳрух Раҷаматов, 90+4 (2:3).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Сайдамири Сайдаҳмад, Абдураҳмон Нозимов, Фаридун Рустамов, Абубакр Азимов, Зокир Абдулхайров, Хисрав Носиров (Фаридун Қосимов, 30), Комрони Саидзод (Ширин Наимов, 46), Саидхони Амрохон (Бахтиёр Комилов, 78), Музаффар Назаров, Аваз Қамчинов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шоҳрух Раҷаматов, Шероз Абдуллоев, Ҳоҷибой Зиёев, Саидҷон Шарипов, Анвархон Темирхонов (Фирӯз Юсупов, 46), Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 78), Дилшод Бозоров (Илҳом Баротов, 39).

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Ахмедов, Шероз Абдуллоев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Шоҳрух Раҷаматов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Салоҳиддин Бухориев (Восе).

11 июн. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобион.

 

«Барқчӣ» – «Хайр» – 2:1

Голҳо: Агблей Джонес, 25 (0:1). Ойбек Абдуғаффоров, 44 – аз пеналти (1:1). Муҳаммадҷони Ҳасан, 84 (2:1).

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Зиёвуддин Фузайлов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (Комил Саидов, 64), Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Ҳамроқулов (Амирҷон Сафаров, 69).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Эраҷ Раҷабов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан, Далер Шарипов, Баҳодур Шарифов, Муҳсин Парпиев (Самад Шоҳзуҳуров, 84), Маҳмадалӣ Содиқов, Яҳая Муборак, Мисиам Иносент, Агблей Джонес.

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Табрези Давлатмир  («Барқчӣ»), Баҳодур Шарифов, Менсах Даниэл Абан, Яҳая Мубарак, Агблей Джонес («Хайр»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Маҳмадалӣ Содиқов («Хайр»), 56 – корти 2-юми зард. Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), 77 – барои таҳқири бозигари дастаи ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Хуршед Маҳмудов («Барқчӣ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 4 хол.

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

11 июн. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 1500 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 6 2 0 27-10 20
2 «Ҳосилот» (Фархор) 8 4 3 1 12-8 15
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 8 4 1 3 11-7 13
4 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 4 1 3 15-15 13
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 8 4 1 3 12-12 13
6 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 4 0 4 8-14 12
7 «Хайр» (Ваҳдат) 8 3 3 2 13-6 12
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 8 3 1 4 12-11 10
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 8 1 1 6 7-17 4
10 «Равшан» (Кӯлоб) 8 0 1 7 8-25 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 7 гол, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»)– 5 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 4 голӣ.

 

Бозиҳои мавқуфмондаи даври 8-ум:

18 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

«Парвоз» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

19 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

«Истиқлол» – КМВА «Помир»

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

«Хайр» – «Ҳосилот»

Добавить комментарий