Баъди танаффуси наздики як моҳа, ки алоқамандона ба иштироки тими миллии кишвар дар марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 ба амал омад, рӯзи 21 июн бозиҳои навбатии даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар чор бозии даври ҳаштум доварон ба бозигарону намояндагони дастаҳо ҳашт корти сурх нишон доданд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар гирифтани кортҳои сурх дар ин давр мақоми аввалро ишғол мекунад.
Чемпиони дукаратаи Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб дар доираи бозиҳои ин давр дар сафар бо “Барқи тоҷик” вохӯрд. Бозӣ хеле тамошобобу шавқовар сурат гирифта, бо ҳисоби баробари 2 бар 2 поин шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 4 вохӯрӣ меҳмонони кӯлобӣ боз карданд. Голро Суннатулло Холов ба самар расонд. Баъди чор дақиқа барқчиён ба задани голи ҷавобӣ муваффақ шуданд. Ба Сорбон Карамов муяссар шуд, ки ҳисобро баробар созад. Дар миёнаи қисми дуюми вохӯрӣ ҳамлагари “Равшан” Шодибек Ғаффоров голи дуюми кӯлобиҳоро ба ҳадаф расонида, меҳмононро боз ба пеш баровард. Дар дақиқаи 71 бозӣ бошад Самад Шоҳзуҳуров аз зарбаи ҷаримавӣ боз ҳисоби вохӯриро мусовӣ намуд. Дар охири бозӣ бозигарони “Равшан” метавонистанд ба пеш бароянд, аммо аз имкониятҳои хуби голзанӣ Ҳусайни Сӯҳробӣ, Индӯст Ҳусейнов, Саидхони Амрохон ва Абдурасул Раҳмонов истифода карда натавонистанд. Ҳаминро қайд мекунем, ки ҳар ду даста бозиро бо ҳайати даҳнафарӣ ба охир расониданд. Дар дақиқаи 65 барои занозании дутарафа сардовари бозӣ, муаллифони голҳои аввали дастаҳо – Суннатулло Холов (“Равшан”) ва Сорбон Карамовро (“Барқи тоҷик”) бо нишон додани корти сурх аз майдон берун кард.
Дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа бозӣ байни “Вахш” ва яке аз муддаиёни асосии медалҳои чемпионати имсола “Хуҷанд”-и Хуҷанд бисёр пуршиддату тамошобоб ҷараён гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 23 бозӣ аз ҷаримаи ёздаҳметра соҳибони майдон боз карданд. Пеналтиро Эҳсони Панҷшанбе бе хато ба ҳадаф расонд. Баъди танаффус ба футболбозони дастаи соҳили Сирдарё муяссар шуд, ки дар давоми ҳашт дақиқа ба дарвозаи соҳибони майдон се гол зананд. Фирӯз Бобиев, Ҷаҳонгир Алиев ва Ҳасан Рустамов ба задани гол муваффақ шуданд.
Дар ин бозӣ сардовари вохӯрӣ Диловаршоҳ Орзуев ба бозигарон ва ситоди мураббиёни “Хуҷанд” панҷ маротиба корти сурх нишон дод. Дар дақиқаи 25 барои таҳқири ҳайати доварон мураббии калони “Хуҷанд” Қаноат Латипов бо корти сурх огоҳонида шуда, ба нишастгоҳи мухлисон сафарбар карда шуд. Дар танаффуси вохӯрӣ барои таҳқири нозири бозӣ Сафар Каримов, бозигари эҳтиётии “Хуҷанд” Соҳиб Ҳакимов корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 55 бошад мураббии дарвозабонҳои дастаи соҳили Сирдарё Фаррух Бердиев аз минтақаи техникӣ ронда шуд. Дар дақиқаи 69 дарвозабони “Хуҷанд” ва тими миллии Қирғизистон Валерий Кашуба барои фоли “умеди охирон” бо корти сурх огоҳонида шуда, аз бозӣ берун карда шуд. Ва дар дақиқаи 77 барои таҳқири мухлисон ниммуҳофизатгари “Хуҷанд” Ҳасан Рустамов аз майдон ронда шуд.
КМВА “Помир” дар ин давр дар сафар ғалабаи навбатии худро таҷлил кард. Мудофиачиён дар Истаравшан бар “Далерон-Уротеппа”, ки дар вазъи сангини молиявӣ қарор дорад, пирӯз шуданд. Дар ин бозӣ ҳисоби вохӯриро истаравшаниҳо боз карданд. Голро ниммуҳофизатгар Абдусамад Ҳоҷибоев ба ҳадаф расонд. Дар қисми дуюм мудофиачиён матонат зоҳир карда ду гол заданд. Дар дақиқаи 60 Рустам Толибов ҳисобро мусовӣ намуда, дар дақиқаи 89 Давронҷон Тухтасунов голи ғолибиятро ба самар раснд. Дар ин вохӯрӣ низ соҳибони майдон бозиро бо ҳайати даҳнафарӣ анҷом карданд. Дар дақиқаи 75 барои бо оринҷ зарба задан ба бозигари ҳариф Беҳзод Мусоев аз майдон ронда шуд.
Дар бозии дигари ин давр “Регар-ТадАз”-и Турсунзода дар майдони худ бар аутсайдери чемпионат “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 3 бар 0 дастболо шуд. Ду голи металлургчиёнро Комил Саидов ва як голро Комрон Турсунов ба самар расониданд.
Барномаи даври ҳаштум рӯзи чоршанбеи 24 июн анҷом мешавад. Дар ин рӯз чемпиони феълии кишвар “Истиқлол”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ витсе-чемпиони Тоҷикистон “Хайр”-и Ваҳдатро имтиҳон мекунад. Оғози бозӣ соати 18.00.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум
«БАРҚИ ТОҶИК» – «РАВШАН» – 2:2
Голҳо: Суннатулло Холов, 4 (0:1). Сорбон Карамов, 8 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 65 (1:2). Самад Шоҳзуҳуров, 71 (2:2).
«Барқи тоҷик» (Душанбе): Эмомалӣ Сониев, Фаррух Фузайлов, Далер Бердиқулов, Сафархон Мирзоев, Алишер Ҷӯраев, Самад Шоҳзуҳуров, Ҳокимҷон Ҳасанов (Шавкати Ҳотам, 51), Муҳаммад Гулипур, Сорбон Карамов, Шодмон Тағойзода, Ҳиматулло Малодӯстов (Самандари Хайриддин, 71).
«Равшан» (Кӯлоб): Амир Ҳоҷимуродов, Сайдамири Сайдаҳмад, Музаффар Назаров, Саидхони Амрохон, Бахтиёр Қаландаров, Одил Рамзонӣ (Абдурасул Раҳмонов, 46), Суннатулло Холов, Зокир Абдулхайров, Шодибек Ғаффоров, Навруз Рустамов (Индӯст Ҳусейнов, 56), Ҳусейни Сӯҳробӣ.
Огоҳонида шуданд: Сорбон Карамов, Самад Шоҳзуҳуров («Барқи тоҷик»), Суннатулло Холов, Саидхони Амрохон, Сайдамири Сайдаҳмад («Равшан»).
Аз бозӣ ронда шуданд: Сорбон Карамов («Барқи тоҷик»), 65 – барои рафтори иғвогароёна, Суннатулло Холов («Равшан»), 65 – барои рафтори иғвогароёна.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳокимҷон Ҳасанов («Барқи тоҷик»).
Сардовари бозӣ: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа) – 8 холв.
Нозири бозӣ: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).
21 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1500 тамоҳобинон.
«РЕГАР-ТАДАЗ» – «ПАРВОЗ» – 3:0
Голҳо: Комил Саидов, 33 (1:0). Комил Саидов, 65 (2:0). Комрон Турсунов, 83 (3:0).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Азимов, Фарҳод Холбеков, Расул Пайзов (Фаррух Чориев, 69), Нозим Бобоҷонов, Абдулло Саидов (Музаффар Сироҷиддинов, 83), Фирӯз Қараев (Фаридун Шарипов, 56), Комрон Турсунов, Комил Саидов.
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Дилшод Додобоев, Фирдавс Ҳоҷиев, Шероз Абдуллоев, Умед Одинаев, Абдумалик Юсупов, Шоҳрух Раҷаматов, Хуршед Воҳидов (Бахтовар Зокиров, 74), Шоҳрух Тошматов, Қурбонбек Ҳайдаров, Рустам Домлоҷонов, Маъруф Марифбоев.
Огоҳонида шуданд: Комрон Турсунов, Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Маъруф Марифбоев, Хуршед Воҳидов, Шероз Абдуллоев («Парвоз»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 7,7 хол.
Инспектори бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
21 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 2500 тамоҳобинон.
«ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» – КМВА «ПОМИР» – 1:2
Голҳо: Абдусамад Ҳоҷибоев, 21 (1:0). Рустам Толибов, 60 (1:1). Давронҷон Тухтасунов, 89 (1:2).
Аз бозӣ ронда шуд: Беҳзод Мусоев («Далерон-Уротеппа»), 75 –барои бо оринҷ задани бозигари ҳариф.
Пеналтии амалинашуда: Давронҷон Тухтасунов (КМВА«Помир»), 75.
«ВАХШ» – «ХУҶАНД» – 1:3
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 23 – аз пеналти (1:0). Фирӯз Бобиев, 52 (1:1). Ҷаҳонгир Алиев, 55 (1:2). Ҳасан Рустамов, 59 (1:3).
Аз майдон ронда шуданд: Қаноат Латипов (мураббии кадони «Хуҷанд»), 25 – барои таҳқири ҳайати доварон, Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд), дар танаффус –барои таҳқири нозири бозӣ, Фаррух Бердиев (мураббии дарвозабонҳои «Хуҷанд»), 55, Валерий Кашуба («Хуҷанд»), 69 – барои фоли «умеди охирон», Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), 77 – барои таҳқири мухлисон.
Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 7 | 7 | 0 | 0 | 28-2 | 21 |
2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 8 | 5 | 2 | 1 | 15-6 | 17 |
3 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 8 | 4 | 3 | 1 | 14-7 | 15 |
4 | «Хайр» (Ваҳдат) | 7 | 4 | 1 | 2 | 12-11 | 13 |
5 | «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) | 8 | 3 | 2 | 3 | 10-7 | 11 |
6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 8 | 3 | 2 | 3 | 12-17 | 11 |
7 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 8 | 3 | 1 | 4 | 7-12 | 10 |
8 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 8 | 1 | 3 | 4 | 3-10 | 6 |
9 | «Барқи тоҷик» (Душанбе) | 8 | 1 | 2 | 5 | 5-15 | 5 |
10 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 8 | 0 | 0 | 8 | 0-19 | 0 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд») – 5 голӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан»), Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (КМВА «Помир») – 4 голӣ, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3 голӣ.
Бозиҳои боқимондаи қисми якум:
Бозии даври 8-ум
24 июн (чоршанбе)
Оғоз соати 18:00
«Хайр» – «Истиқлол»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
Даври 9-ум
27 июн (шанбе)
Оғоз соати 18:00
«Хуҷанд» – «Барқи тоҷик»
«Парвоз» – «Хайр»
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»
«Равшан» – «Далерон-Уротеппа»
28 июн (якшанбе)
Оғоз соати 18:00
«Истиклол» – «Вахш»