Чемпионати Тоҷикистон-2016: бохти нахустини “Хайр” – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2016: бохти нахустини “Хайр”

Дар бозии даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Бозӣ ба иллати ҷавобгӯи баргузории бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ набудани майдони варзишгоҳи “Хайр” –и шаҳри Ваҳдат, дар варзишгоҳи “Авиатор”-и  шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Голи ягонаро бозигари нави дастаи “Регар-ТадАЗ” Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 24-уми вохӯрӣ ба ҳадаф расонд. Ин нахустин бохти дружинаи Шариф Назаров дар чемпионати имсола мебошад. Баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳои “Регар-ТадАЗ” бо “Хуҷанд” (9 имтиёз) баробар шуда, дастаи шаҳри металургҳои Тоҷик ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа баромад.

Дар доираи ин давр “Ҳосилот”-и Фархор, ки аз назари коршиносони соҳа яке аз муддаиёни асосии ҷоизаҳои чемпионати имсола маҳсуб меёбад, дар майдони худ бар “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 1 бар 0 ғалаба кард. Голро легионери ганагии “Ҳосилот” “Акуффо Гершон дар дақиқаи 11 бозӣ ба самар расонд. “Ҳосилот” баъд аз ин вохӯрӣ бо 10 имтиёз дар мақоми дуюми ҷадвали чемпионат қарор дорад.

Ду бозии дигари даври панҷум рӯзи якшанбеи 8 май доир мешавад. Аутсайдери чемпионати имсола “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул мекунад. Дар майдони эҳтиётии варзишгоҳи марказии Душанбе бошад ду дастаи пойтахт – “Барқчӣ” ва КМВА “Помир” рӯбарӯ мешаванд. Оғози ин бозиҳо соати 16:30 ба нақша гирифта шудаст.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Хайр» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Ромиш Ҷалилов, 24.

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Эраҷ Раҷабов, Идибек Ҳабибуллоев (Яхая Мубарак, 46), Менсах Даниэл Абан, Далер Шарипов, Баҳодур Шарифов (Фирӯз Шамсиев, 61), Маҳмадалӣ Содиқов (Самад Шоҳзуҳуров, 46), Мисиам Инносент, Муҳсинҷон Парпиев, Агблей Джонес.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Дороб Эргашев, Алишер Шарипов, Фарҳод Холбеков, Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев (Сорбон Карамов, 88), Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 75), Азиз Бегов (Акбар Бобомуродов, 64).

Огоҳонида шуданд: Баҳодур Шарифов («Хайр»), Алишер Шарипов, Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

7 май. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 2500 тамошобинон.

 

«Ҳосилот» – «Парвоз» – 1:0

Гол: Акуффо Гершон, 11.

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Далерҷон Тухтасунов, Наврӯз Рустамов, Мусо Содиқ, Далер Шомуродов, Сафаралӣ Каримов, Абдурасул Раҳмонов (Ҳикматулло Расулов, 65), Хайрулло Азизов (Иброҳим Рабимов, 66), Акуффо Гершон, Соломон Течи (Орзу Додхудоев, 89).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳиб Эргашев, Бахтиёр Абдураҳмонов, Асатулло Нуруллоев, Далер Бердиқулов, Абдумалик Юсупов, Диловар Бойкузиев, Руслан Таваккалов, Азиз Шамсиев (Олим Ҳоҷиматов, 72), Абдураҳмон Қурбонов, Аваз Норкузиев (Бахтовар Зокиров, 74), Меҳрулло Бобоев.

Огоҳонида шудандАкуффо Гершон, Далерҷон Тухтасунов, Соломон Течи («Ҳосилот»), Руслан Таваккалов («Парвоз»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАкуффо Гершон («Ҳосилот»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

7 май. Фархор. Варзишгоҳи Марказӣ. 5000 тамошобинон.

 

8 май (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«Барқчӣ» – КМВА «Помир»

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа).

Ёварон: Умед Раҳимов, Некрӯз Умаров (ҳар ду аз Қӯрғонтепа).

Довари эҳтиётӣРустам Нурматов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ

 

«Равшан» – «Вахш»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Ҳасан Каримов, Исмоил Нуралиев (ҳар ду аз Норак).

Довари эҳтиётӣ: Фурқат Мирҳайдаров (Кӯлоб).

Нозири бозӣ: Шавкат Сатторов (Душанбе).

Кӯлоб, варзишгоҳи Марказӣ

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 20-6 15
2 «Ҳосилот» (Фархор) 5 3 1 1 8-5 10
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 3 0 2 8-5 9
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 3 0 2 4-6 9
5 «Хайр» (Ваҳдат) 5 2 2 1 7-3 8
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 4 1 1 2 5-5 4
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 4 1 1 2 2-3 4
8 «Барқчӣ» (Душанбе) 4 1 1 2 6-8 4
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 5 1 0 4 3-9 3
10 «Равшан» (Кӯлоб) 4 0 0 4 1-15 0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 4 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 3 гол, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Абдурасул Раҳмонов («Ҳосилот»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Акмал Холматов, Парвизҷон Умарбоев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрулло Бобоев («Парвоз»), Акуффо Гершон («Ҳосилот») – 2 голӣ.

Добавить комментарий