Чемпионати Тоҷикистон-2016: ғалабаи КМВА “Помир” ва “Вахш” дар меҳмонӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2016: ғалабаи КМВА “Помир” ва “Вахш” дар меҳмонӣ

Барномаи даври панҷуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якшанбеи 8 май бо баргузории ду бозии боқимонда –  “Барқчӣ” – КМВА “Помир (0:1), “Равшан” – “Вахш” (1:2) ҷамъбаст шуд.

КМВА “Помир”-и Душанбе дар ин давр ғалабаи дуюми пайдарҳами худро дар чемпионати имсола соҳиб шуд. Дружинаи Раҳматуло Фузайлов бо ҳисоби 1 бар 0 “Барқчӣ”-ро мағлуб намуд. Голро ҳамлагари мудофиачиён, легионери африқоитабор аз давлати Гана Андох Наполеон дар дақиқаи 11 вохӯрӣ ба самар расонд.

“Вахш”-и Қӯрғонтеппа низ дар ин давр ғалабаи дуюми пайдарҳами худро ба даст овард. Дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар “Равшан” бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омад. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 5-ум муҳофизатгари соҳибони майдон Абубакр Азимов боз кард. Қисми аввали бозӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом ёфт. Дар қисми дуюми вохӯрӣ бошад, бозигарони “Вахш” матонату соҳибиродагӣ зоҳир намуда, ба задани ду гол муваффақ шуданд. Дар дақиқаи 66 ҳамлагари “Вахш” ва тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Ҳамроқулов ҳисобро баробар сохт. Ду дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии вохӯрӣ Собир Холматов голи дуюми қӯрғонтеппагиҳоро ба ҳадаф расонида ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Баъд аз панҷ давр ҷадвали мусобиқаро чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бо 15 имтиёз аз 15 имтиёзи имконпазир сарварӣ мекунад. “Ҳосилот”-и Фархор бо 10 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. “Регар-ТадАз”-и Турсунзода бошад бо 9 имтиёз дар ҷадвали чемпионат мақоми сеюмро касб кардаст. Чемпиони дукаратаи мамлакат ва дастаи як замон сермухлистарини Тоҷикистон “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб ягона дастаест, ки то имрӯз ягон имтиёз надорад.

Бозиҳои даври шашуми чемпионат рӯзҳои 14-15 май доир мешаванд. Рӯзи шанбеи 14 май “Парвоз” дар майдони худ “Барқчӣ”-ро қабул карда, “Равшан”-и Кӯлоб ба меҳмонии КМВА “Помир” ба Душанбе ташриф меорад. Се бозии дигари ин давр рӯзи якшанбеи 15 май баргузор мегардад. Чемпиони феълӣ “Истиқлол” дар майдони худ “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Регар-ТадАз” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода “Ҳосилот”-и Фархор ва “Хуҷанд” дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” “Хайр”-и Ваҳдатро қабул мекунанд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Барқчӣ» – КМВА «Помир» – 0:1

Гол: Андох Наполеон, 3.

«Барқчӣ» (Душанбе): Далер Азизов, Ойбек Абдуғаффоров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Зиёвуддин Фузайлов, Кароматулло Саидов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳокимҷон Ҳасанов (Отабек Каримов, 79), Муҳаммадҷони Ҳасан, Хуршед Маҳмудов (Суннатулло Холов, 72), Комил Саидов (Амирҷон Сафаров, 61).

КМВА «Помир» (Душанбе): Фатҳулло Бобоев, Сефах Жаке Нана, Фурӯғ Қодиров, Фаррух Фузайлов, Акмал Сабуров, Комрони Мирзохон, Комрони Мирзонаҷот, Парвиз Кашкаров (Рустам Толибов, 77), Шодибек Ғаффоров (Шарафҷон Солехов, 90+2), Шамсиддин Қосимов (Фирӯз Раҳматов, 74), Андох Наполеон.

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров («Барқчӣ»), Акмал Сабуров (КМВА «Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАндох Наполеон (КМВА «Помир»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

8 май. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобинон.

 

«Равшан» – «Вахш» – 1:2

Голҳо: Абубакр Азимов, 5 (1:0). Аҳтам Ҳамрокулов, 66 (1:1). Собир Холматов, 88 (1:2).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Музаффар Назаров, Абдураҳмон Нозимов, Сайдамири Сайдаҳмад, Саидхони Амрохон (Тоҳири Баҳром, 46), Фаридун Рустамов, Ширин Наимов, Абубакр Азимов, Фаридун Қосимов, Зокир Абдулхайров, Далер Чолов (Қадам Абилов, 61, Комрони Саидзод, 76).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Холмурод Назаров, Фирӯз Ризомов, Азимҷон Раҳмонов, Улуғбек Абдулхайров, Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Эҳсон Бобоев, Умедҷон Шарипов, Аҳтам Ҳамроқулов, Собир Холматов.

Огоҳонида шудандШирин Наимов, Далер Чолов, Абубакр Азимов («Равшан»), Улуғбек Абдулхайров («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Умедҷон Шарипов («Вахш»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Шавкат Сатторов (Душанбе).

8 май. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.  6000 тамошобинон.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 5 5 0 0 20-6 15
2 «Ҳосилот» (Фархор) 5 3 1 1 8-5 10
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 3 0 2 8-5 9
4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 3 0 2 4-6 9
5 «Хайр» (Ваҳдат) 5 2 2 1 7-3 8
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 2 1 2 7-6 7
7 КМВА «Помир» (Душанбе) 5 2 1 2 3-3 7
8 «Барқчӣ» (Душанбе) 5 1 1 3 6-9 4
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 5 1 0 4 3-9 3
10 «Равшан» (Кӯлоб) 5 0 0 5 2-17 0

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 6 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 4 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 3 голӣ, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Эҳсони Панҷшанбе («Барқчӣ»), Абдурасул Раҳмонов, Акуффо Гершон (ҳар ду аз «Ҳосилот»), Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Акмал Холматов, Парвизҷон Умарбоев, Дилшод Восиев (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрулло Бобоев («Парвоз»), Собир Холматов, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳар ду аз «Вахш») – 2 голӣ.

Добавить комментарий