Чемпионати Осиё-2016: Тоҷикистон аз Ветнам шикаст хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Осиё-2016: Тоҷикистон аз Ветнам шикаст хӯрд

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 аз мунтахаби футзали Ветнам бо ҳисоби калони 1 бар 8 шикаст хӯрда,  аз ҳаққи иштирок дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуд. Бозӣ рӯзи 13-уми феврал дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд баргузор шуд. Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба ҳадаф расонд.

Ҳайати аввали мунтахаби Тоҷикистон: Фирӯз Бекмуродов, Собирҷон Гуляков, Мансур Мамедбобоев (капитан), Меҳрубони Тиллозода, Дилшод Саломов.

Бозигарони эҳтиётӣ: Муродулло Алиқулов, Фирӯз Юсуфзода, Раҳмоналӣ Шарифов, Муҳаммад Раҳмонов, Арсен Фармонбеков, Файзалӣ Сардоров, Акбар Ортуқов, Шавкат Ҳалимов.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» 13 феврал мунтахаби Тайланд дастаи Тайбэйи Чинро  бо ҳисоби 7-2 шикаст дод.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 11 феврал аз тими Тайланд бо ҳисоби 4:5 мағлуб шуда буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври охирини бозиҳои гурӯҳи «С» шаби душанбеи 15 феврал дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Тошканд бо дастаи Тайбэи Чин бозӣ мекунад.Вале сарфи назар аз натиҷаи ин бозӣ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Тайбэи Чин аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё дар Узбакистон соҳибони роҳхатҳо барои ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2016 оид ба футзал мегарданд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор хоҳад шуд.

 

Гурӯҳи «С». Даври 2-юм

Тоҷикистон – Ветнам – 1:8

Тайланд – Тайбэи Чин – 7:2

    Б Ғ М Б Т И
1 Ветнам 2 2 0 0 13-5 6
2 Тайланд 2 2 0 0 12-6 6
3 ТОҶИКИСТОН 2 0 0 2 5-13 0
4 Тайбэи Чин 2 0 0 2 6-12 0

 

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

Қирғизистон – Узбекистон – 1:2

Арабистони Саудӣ – Лубнон – 3:3

    Б Ғ М Б Т И
1 Узбекистон 2 2 0 0 7-3 6
2 Лубнон 2 0 2 0 7-7 2
3 Қирғизистон 2 0 1 1 5-6 1
4 Арабистони Саудӣ 2 0 1 1 5-8 1

 

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

Хитой – Эрон – 0:7

Урдун – Ироқ – 3:4

    Б Ғ М Б Т И
1 Эрон 2 2 0 0 13-0 6
2 Ироқ 2 2 0 0 10-4 6
3 Урдун 2 0 0 2 3-10 0
4 Хитой 2 0 0 2 1-13 0

 

Гурӯҳи «D». Даври 2-юм

Малайзия – Япония – 1:11

Қатар – Австралия – 2:5

    Б Ғ М Б Т И
1 Япония 2 2 0 0 12-1 6
2 Австралия 2 2 0 0 7-3 6
3 Қатар 2 0 0 2 2-6 0
4 Малайзия 2 0 0 2 2-13 0

Добавить комментарий