Чемпионати Осиё-2016: мусовии Тоҷикистон дар бозии охири гурӯҳӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Осиё-2016: мусовии Тоҷикистон дар бозии охири гурӯҳӣ

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бозии ҷамъбастии худро дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа бо Тайбэи Чин мусовӣ  3 бар 3 анҷом кард. Бозӣ бо бартарии пурраи футзалистони тоҷик сурат гирифт ва дар давоми бозӣ онҳо ду маротиба бо ҳисоби 1:0 ва 2:1 ба пеш баромаданд. Мутаассифона, бозигарони мунтахаби футзали мо, ки иштирок дар чунин мусобиқаи сатҳи баланд, барояшон барои аввалин бор аст, аз камтаҷрибагӣ ин бартариятро нигоҳ дошта натавонистанд ва ба ҳариф иконият доданд,ки на танҳо ҳисоби вохӯриро баробар кунад, балки ба пеш ҳам барояд. Ҳамагӣ 4 сония қабл аз анҷоми вақти бозӣ ба бачаҳои мо муяссар шуд, ки голи сеюми худро зада, ҳисобро баробар созанд. Қобили қайд аст, ки дар ин бозӣ дарвозабони дастаи ҳариф Чан Юн Суан маҳорати хеле хуб нишон дод.

 

14-умин чемпионати футзали Осиё-2016

Гурӯҳи «С». Даври 3-юм

Тайбэи Чин – ТОҶИКИСТОН – 3:3

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 2 (0:1). Чу Чиа Вей, 26 (1:1). Шавкат Ҳалимов, 29 (1:2). Ли Чиен Сун, 36 (2:2). Чан Чиен Ин, 39 (3:2). Меҳрубони Тиллозода, 40 (3:3).

Тайбэи Чин (панҷгонаи аввалӣ): Чан Юн Суан, Чу Чиа Вей (к), Чан Чиен Ин, Ших Вей, Лай Мин Ху.

Эҳтиётиён: Лин Чи Хун, Хуан По Чун, Лин Чиен Сун, Тан Вей Тай, Фу Ли Вей, Чен Шан Фу, Хуан Чие.

Тоҷикистон (панҷгонаи аввалӣ): Фирӯз Бекмуродов, Некрӯз Алимаҳмадов, Мансур Мамедбобоев (к), Меҳрубони Тиллозода, Дилшод Саломов.

Эҳтиётиён: Муродуллло Алиқулов, Фирӯз Юсуфзода, Собирҷон Гуляков, Муҳаммад Раҳмонов, Файзалӣ Сардоров, Акбарҷон  Ортуқов, Шавкат Ҳалимов.

Огоҳонида шуданд: Чан Юн Суан, Чан Чиен Ин (Тайбэи Чин), Дилшод Саломов (Тоҷикистон).

Сардовар: Ҳусейн Маҳмуд Ҳусейн Халайлех (Урдун).

Нозири доварон: Саид Мусавӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Кемел Токабаев (Қирғизистон).

15 феврал. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Универсал». 100 тамошобинон.

 

Тайланд – Ветнам – 3:1

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Ветнам 3 2 0 1 14-8 6
2 Тайланд 3 3 0 0 15-7 6
3 ТОҶИКИСТОН 3 0 1 2 8-16 1
4 Тайбэи Чин 3 0 1 2 9-15 1

 

Гурӯҳи «А». Даври 3-юм

Узбекистон – Лубнон – 2:0

Қирғизистон – Арабистони Саудӣ – 3:2

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон 3 3 0 0 9-3 9
2 Қирғизистон 3 1 1 1 8-8 4
3 Лубнон 3 0 2 1 7-9 2
4 Арабистони Саудӣ 3 0 1 2 7-11 1

 

Гурӯҳи «В». Даври 3-юм

Эрон – Ироқ – 13:2

Хитой – Урдун – 5:1

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 3 3 0 0 26-2 9
2 Ироқ 3 2 0 1 12-17 6
3 Хитой 3 1 0 2 6-14 3
4 Урдун 3 0 0 3 4-15 0

 

Гурӯҳи «D». Даври 3-юм

Япония – Австралия – 3:1

Малайзия – Қатар – 2:6

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Япония 3 3 0 0 15-2 9
2 Австралия 3 2 0 1 8-6 6
3 Қатар 3 1 0 2 8-8 3
4 Малайзия 3 0 0 3 4-19 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Бозиҳои 1/4 финалӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – Узбекистон – Ироқ. Маҷмааи варзишии  «Узбекистон»

16:00 – Тайланд – Австралия. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Эрон  – Қирғизистон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Япония – Ветнам. Маҷмааи варзишии «Универсал»

 

Плей-офф барои ҷои  5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлуби бозии Узбекистон/Ироқ – Мағлуби бозии Тайланд/Австралия.  Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:00 – Мағлуби бозии Эрон/Қирғизистон – Мағлуби бозии Япония/Ветнам. Маҷмааи варзишии  «Универсал»

 

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷои 5-ум

16:00 – Ғолиби бозиҳои Эрон/Қирғизистон-Япония/Ветнам – Ғолиби бозиҳои Узбекистон/Ироқ-Тайланд/Австралия. Маҷмааи варзишии  «Универсал»

Бозиҳои 1/2 финалӣ

16:00 – Ғолиби бозии Узбекистон/Ироқ – Ғолиби бозии Тайланд/Австралия. Маҷмааи варзишии  «Узбекистон»

19:00 – Ғолиби бозии Эрон/Қирғизистон – Ғолиби бозии Япония/Ветнам. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

 

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Финал. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

Добавить комментарий