Чемпионати Осиё-2016: бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври аввал – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Осиё-2016: бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври аввал

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 миёни бозигарони синашон то 19-сола аз дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “D” рӯзи 15 октябр дар варзишгоҳи “Халифа Спорт Сити”-и шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор шуд.

Ҳисоби ин бозиро капитани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Кароматулло Саидов, дар дақиқаи бистуми дидор боз кард. Дар нимаи дувуми бозӣ мунтахаби Узбекистон ба дарвозаи дастаи Тоҷикистон ду гол зада, бозиро ба фоидаи худ анҷом дод. Саидҷамол Давлатҷонов дар дақиқаи 67-ум ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаро Ҷасурбек Яхшибоев дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд.

Дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё -2016 дар Баҳрайн 16 даста, ки ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст, барои медалҳо мубориза мебарад. Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад. Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чорякфинал бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки дастаҳо дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн барои чаҳор роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон – 2017 мешавад.

 

Чемпионати Осиё байни мунтахабҳои ҷавонони то сини 19 сола

Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 20 (0:1). Саиджамол  Давлатджонов, 67 (1:1). Ҷасурбек Яхшибоев, 72 (2:1).

Узбекистон: Умиджон Эргашев, Ходжиакбар Алиджонов, Исломджон Кобилов, Хушнудбек Авилов, Азизджон Ганиев, Санджар Кодиркулов (Саиджамол Давлатджонов, 46), Джасурбек Яхшибоев, Шароф Мухитдинов, Ойбек Рустамов, Бехзод Ганиджонов (Бобир Абдихоликов, 46), Нурилло Тухтасинов (Джамшид Юсупов, 46).

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Ваҳдат Ханонов, Зоир Ҷӯрабоев, Азимҷон Раҳмонов, Табрези Давлатмир, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов, Нуриддин Ҳамроқулов, Эҳсони Панҷшанбе (Ҳоҷибой Зиёев, 85), Мухсинҷон Парпиев, Муҳаммадҷони Ҳасан (Далер Ёдгоров, 73).

Огоҳонида шуданд: Шароф Муҳитдинов, Ойбек Рустамов (Узбекистон), Кароматулло Саидов, Ваҳдат Ханонов (Тоҷикистон).

Сардовар: Нивон Робеш (Шри-Ланка).

Комиссари бозӣ: Джасвар Умару (Шри-Ланка).

15 октябр. Манама. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити». 100 тамошобин.

 

Чин – Австралия – 0:1

    Б Ғ М Б Т И
1 Узбекистон 1 1 0 0 2-1 3
2 Австралия 1 1 0 0 1-0 3
3 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 1-2 0
4 Чин 1 0 0 1 0-1 0

Даври 2-юм

18 октябр (сешанбе)

18:30 – ТОҶИКИСТОН – Чин. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

21:30 – Австралия – Узбекистон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Даври 3-юм

21 октябр (ҷумъа)

21:30 – Узбекистон – Чин. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

21:30 – Австралия – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

Гурӯҳи «А». даври 1-ум

Таиланд – Кореяи Ҷанубӣ – 1:3

Баҳрайн – Арабистони Саудӣ – 3:2

    Б Ғ М Б Т И
1  Кореяи Ҷанубӣ 1 1 0 0 3-1 3
2 Баҳрайн 1 1 0 0 3-2 3
3 Арабистони Саудӣ 1 0 0 1 2-3 0
4 Таиланд 1 0 0 1 1-3 0

Даври 2-юм

16  октябр (якшанбе)

18:30 – Арабистони Саудӣ – Таиланд. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

21:30 – Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Даври 3-юм

19 октябр (чоршанбе)

21:30 – Баҳрайн – Таиланд. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

21:30 – Кореяи Ҷанубӣ – Арабистони Саудӣ. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

ҶХДК – Ветнам – 1:2

ИМА – Ироқ – 0:1

  Б Ғ М Б Т И
1 Ветнам 1 1 0 0 2-1 3
2 Ироқ 1 1 0 0 1-0 3
3 ҶХДК 1 0 0 1 1-2 0
4 ИМА 1 0 0 1 0-1 0

Даври 2-юм

17 октябр (душанбе)

18:30 – Ветнам – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

21:30 – Ироқ – ҶХДК. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Даври 3-юм

20 октябр (панҷшанбе)

21:30 – ҶХДК – ИМА. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

21:30 – Ироқ – Ветнам. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

 

Гурӯҳи «С». Даври 1-ум

Қатар – Эрон – 1:1

Ҷопон – Яман – 3:0

  Б Ғ М Б Т И
1 Ҷопон 1 1 0 0 3-0 3
2 Эрон 1 0 1 0 1-1 1
3 Қатар 1 0 1 0 1-1 1
4 Яман 1 0 0 1 0-3 0

Даври 2-юм

17 октябр (душанбе)

18:30 – Эрон – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

21:30 – Яман – Қатар. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

Даври 3-юм

20 октябр (панҷшанбе)

18:30 – Қатар – Ҷопон. Варзишгоҳи миллии Баҳрайн

18:30 – Яман – Эрон. Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»

Добавить комментарий