Чемпионати минтақавии Осиё-2016: Бангладеш ва Ҳиндустон дар бозии ниҳоӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати минтақавии Осиё-2016: Бангладеш ва Ҳиндустон дар бозии ниҳоӣ

Баъд аз баргузории бозиҳои ниманиҳои чемпионати минтақавии Осиё байни дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 14 сола дар минтақаи Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ маълум гашт, ки дар бозии ниҳоӣ мунтахабҳои Ҳиндустон ва Бангладеш бо ҳам вомехӯранд.

Дар бозиҳои ниманиҳоӣ мунтахаби духтаронаи Бангладеш, ки айни ҳол дар ин мусобиқа чемпиони аималкунанда мебошад, бо ҳисоби калони 9 бар 1 дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистонро шикаст дод. Голи ягонаро аз дастаи мо Нилуфар Абдулҳаева аз ҷаримаи пеналти ба самар расонд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ духтарони футболбози Ҳиндустон бар ҳамсолони худ аз давлати Эрон бо ҳисоби 4 бар 3 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, пагоҳ 1-уми май, дар бозӣ барои ҷои сеюм мунтахабҳои духтаронаи Тоҷикистону Эрон ва дар бозии ниҳоӣ мунтахабҳои духтаронаи Бангладеш ва Ҳиндустон рақобат мекунанд. Ҳар ду бозӣ дар варзишгоҳи “Авиатор” доир мешаванд. Бозӣ барои ҷои сеюм соати 13:00 ва бозии финалӣ соати 16:00 доир хоҳанд шуд.

Баъд аз анҷоми бозии финалӣ маросими мукофотонии ғолибону ҷоизадорони мусобиқа баргузор мегардад.

 

Чемпионати минтақавии Осиё байни духтарони то синни 14 сола

Минтақаҳои Осиёи ҷанубӣ ва марказӣ

Бозиҳои ниманиҳоӣ

ЭронҲиндустон – 3:4

Голҳо: Сунита Мунда, 9 (0:1). Сунита Мунда, 11 (0:2). Марал Торкаман, 22 (1:2). Марям Мохаммади, 25 (2:2). Роджая Джалал Насаб, 32 (3:2). Сусмита Танти, 43 (3:3). Сусмита Танти, 57 (3:4).

30 апрел. Ҳисор.Варишгоҳи Академияи «Истиқлол». 100 тамошобин

 

Бангладеш – Тоҷикистон  9:1

Голҳо: Тохура, 6 (1:0). Анучинг Могини, 9 (2:0). Тохура, 12 (3:0). Анучинг Могини, 14 (4:0). Моника, 16 (5:0). Моника, 44 (6:0). Моника, 55 (7:0). Нилуфар Абдулҳаева, 58 – аз пеналти (7:1). Ахи Хатун, 61 (8:1). Тохура, 71 (9:1).

30 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 500 тамошобинон.

 

1 май (якшанбе)

Бозӣ барои ҷои сеюм

13:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Финал

16:00 – Ҳиндустон – Бангладеш. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

Добавить комментарий