Чемпионати футзали Осиё-2016: бохт дар бозии якум аз Тайланд – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати футзали Осиё-2016: бохт дар бозии якум аз Тайланд

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати футзали Осиё-2016 аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 5 бар 4 мағлуб гардид. Бозӣ рӯзи 11 феврал дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд. Голҳои мунтахаби миллии футзали моро Раҳмоналӣ Шарипов (2), Мансур Мамадбабаев ва Некрӯз Алимаҳмадов ба самар расонданд. Бозии навбатии худро дружинаи Ҳусейн Шодиев рӯзи 13 феврал муқобили мунтахаби Ветнам мегузаронад.

 

Марҳилаи ниҳоии чемпионати футзали Осиё-2016

Гурӯҳи «С». Даври 1-ум

Тайланд – ТОҶИКИСТОН – 5:4

Голҳо: Супхавут, 7 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 11 (1:1). Мансур Мамедбабаев, 21 (1:2). Апиват, 25 (2:2). Супхавут, 30 (3:2). Супхавут, 32 (4:2). Раҳмоналӣ Шарипов, 35 (4:3). Раҳмоналӣ Шарипов, 39 (4:4). Виват, 40 (5:4).

Тайланд (панҷгонаи аввалӣ): Чалеамсри Пуангсри, Ампол Срираджев, Джирават Сорнвичиан, Джетсада Чудеч, Наттавут Мадялан.

Эҳтиётиён: Виват, Конгхла Лакка (к), Пуняпон Пумвисет, Апиват, Супхавут, Ванлоп, Канисон, Чаивит, Варут.

Тоҷикистон (панҷгонаи аввалӣ): Фирӯз Бекмуродов, Муҳаммад Раҳмонов, Мансур Мамедбабаев (к), Меҳрубони Тиллозода, Дилшод Саломов.

Эҳтиётиён: Муродуллло Алиқулов, Фирӯз Юсуфзода, Собирҷон Гуляков, Раҳмоналӣ Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Арсен Фармонбеков, Файзалӣ Сардоров, Акбарҷон  Ортуқов, Шавкат Халимов.

Огоҳонида шуданд: Варут (Тайланд), Раҳмоналӣ Шарипов (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Некрӯз Алимаҳмадов (Тоҷикистон), 31 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Супхавут (Тайланд).

Сардовар: Ҳасан Муҳаммад Мусо Ал-Гбури (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Винсент Уен (Ҳонконг).

11 феврал. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Универсал». 100 нафар тамошобин.

 

Ветнам – Тайбэйи Чин – 5:4

    Б Ғ М Б Т И
1 Тайланд 1 1 0 0 5-4 3
2 Ветнам 1 1 0 0 5-4 3
3 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 4-5 0
4 Тайбэйи Чин 1 0 0 1 4-5 0

 

Гурӯҳи  «А». Даври 1-ум

Узбекистон – Арабистони Саудӣ – 5:2

Лубнон – Қирғизистон – 4:4

    Б Ғ М Б Т И
1 Узбекистон 1 1 0 0 5-2 3
2 Қирғизистон 1 0 1 0 4-4 1
3 Лубнон 1 0 1 0 4-4 1
4 Арабистони Саудӣ 1 0 0 1 2-5 0

 

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Урдун – Эрон – 0:6

Ироқ – Хитой – 6:1

    Б Ғ М Б Т И
1 Эрон 1 1 0 0 6-0 3
2 Ироқ 1 1 0 0 6-1 3
3 Хитой 1 0 0 1 1-6 0
4 Урдун 1 0 0 1 0-6 0

 

Группа «D». Даври 1-ум

Япония – Қатар – 1:0

Австралия – Малайзия – 2:1

    Б Ғ М Б Т И
1 Австралия 1 1 0 0 2-1 3
2 Япония 1 1 0 0 1-0 3
3 Малайзия 1 0 0 1 1-2 0
4 Қатар 1 0 0 1 0-1 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

12 феврал (ҷумъа)

16:30 – Хитой – Эрон. Маҷмааи варзишии «Универсал»

16:30 – Арабистони Саудӣ – Лубнон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон» 

19:00 – Урдун – Ироқ. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Қирғизистон – Узбекистон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»  

13 феврал (шанбе)

16:30 – Тайбэи Чин – Таиланд. Маҷмааи варзишии «Универсал»

16:30 – Малайзия – Япония. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»  

19:00 – ТОҶИКИСТОН – Ветнам. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Қатар – Австралия. Маҷмааи варзишии  «Узбекистон»

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:30 – Хитой – Урдун. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Узбекистон – Лубнон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Қирғизистон – Арабистони Саудӣ. Маҷмааи варзишии «Универсал»

15 феврал (душанбе)

16:30 – Япония – Австралия. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:30 – Малайзия – Қатар. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Таиланд – Ветнам. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 –Тайбэи Чин – ТОҶИКИСТОНМаҷмаи варзишии «Универсал»

 

Бозиҳои 1/4 финалӣ

17 феврал (чоршанбе) 

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:00 – 1 «С» – 2 «D». Маҷмаи варзишии «Универсал»

19:00 – 1 «В» – 2 «А». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – 1 «D» – 2 «С». Маҷмаи варзишии «Универсал»

Плей-офф барои ҷои 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлуби 1 «А»/2 «В» – Мағлуби 1 «С»/2 «D».  Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:00 – Мағлуби 1 «В»/2 «А» – Мағлуби 1 «D»/2 «С». Маҷмаи варзишии «Универсал»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷои 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» – Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С». Маҷмаи варзишии «Универсал»

Бозиҳои 1/2 финалӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» – 1 «С»/2 «D». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» – 1 «D»/2 «С». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Финал. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

Добавить комментарий