Чемпион чемпионати навро бо ғалаба оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпион чемпионати навро бо ғалаба оғоз кард

Чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар даври ифтитоҳии чемпионати имсолаи кишвар бо ҳисоби 4 бар 0 “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шикаст дод. Ду голи “Истиқлол”-ро дар ин бозӣ ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев зад.

Муаллифи аввалин голи чемпионати имсолаи мамлакат муҳофизатгари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Сиёвуш Асроров шуд. Сиёвуш дар дақиқаи 29 бозӣ ба задани голи якуми мавсими имсолаи чемпионат муваффақ гашт. Як голи дигар чемпиони феълиро Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонд.

Бозиҳои даври ифтитоҳии чемпионат рӯзҳои 9 ва 10 апрел доир хоҳанд шуд. Рӯзи шанбеи 9 апрел “Регар-ТадАз” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Хуҷанд” дар Варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолият”-и Тоҷикистон “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул мекунад. Барномаи даври ифтитоҳии чемпионат рӯзи якшанбеи 10 апрел бо бозӣ байни дастаҳои “Ҳосилот” – “Барқчӣ” ва “Хайр” –“Равшан” ҷамъбаст мешавад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«Истиқлол» – «Парвоз» – 4:0

Голҳо: Сиёвуш Асроров, 29 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 38 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 85 (4:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Парвизҷон Умарбоев (Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, 70), Александр Каблаш (Фатҳулло Фатҳуллоев, 18), Акмал Холматов (Ҷаҳонгир Алиев, 70), Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Асатулло Нуруллоев, Умед Одинаев (Азиз Шамсиев, 74), Далер Бердиқулов, Бахтиёр Абдураҳмонов, Руслан Таваккалов, Абдумалик Юсупов, Диловар Бойкузиев (Рустам Домуллоҷонов, 66), Масъуд Раҳимов (Олим Ҳоҷиматов, 46), Абдураҳмон Қурбонов, Меҳрулло Бобоев.

Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Абдураҳмонов («Парвоз»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

7 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобинон.

 

9 апрел (шанбе)

Оғоз соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – КМВА «Помир»

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

 

«Хуҷанд» – «Вахш»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Нозири бозӣ: Шӯҳрат Шамсиев (Истаравшан).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

10 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ 16:00

«Хайр» – «Равшан»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

Ваҳдат, варзишгоҳи  «Хайр»

 

«Ҳосилот» – «Барқчӣ»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири бозӣ: Насриддин Азизов (Қабодиён).

Фархор, варзишгоҳи Марказӣ

Добавить комментарий