«CAFA Сup – U-19»: ҷавонони Тоҷикистон бозиро бо Туркманистон бохт – Федерация Футбола Таджикистана

«CAFA Сup – U-19»: ҷавонони Тоҷикистон бозиро бо Туркманистон бохт

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии даври дуюми мусобиқаи байналмилалии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – «CAFA Cup – U-19» аз мунтахаби ҷавонони Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 2 мағлуб шуд. Ин бохти дувуми пайдарҳами дружинаи Виталий Левченко дар ин мусобиқа мебошад.

Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурўҳи «В» ҷои охирро ишғол кард ва пагоҳ, 9-уми август дар бозӣ барои мақоми тасинбахши панҷум бо мунтахаби Узбекистон-2 рақобат мекунад. Мунтахаби Узбекистон-2 дар ин мусобиқа ғайриконкурсӣ иштирок мекунад.

Дар бозии финалӣ мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон-1 ва Қирғизистон вомехўранд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм бошад, мунтахабҳои ҷавонони Афғонистону Туркманистон рўбарў мешаванд.

 

«CAFA Cup – U-19»

Гурўҳи «В»

Даври 1-ум

Узбекистон-1 – Туркманистон – 3:0

 

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Узбекистон-1 – 1:4

Голҳо: Нурило Тухтасинов, 7 (0:1). Саид Давлатжонов, 12 (0:2). Азиз Ганиев, 20 (0:3). Азиз Ганиев, 77 (0:4). Худойдод Узоков, 90 (1:4).

 

Туркманистон – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Гол аз Тоҷикистон: Нуриддин Ҳамроқулов.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон-1 2 2 0 0 7-1 6
2 Туркманистон 2 1 0 1 2-4 3
3 ТОҶИКИСТОН 2 0 0 2 2-6 0

 

Гурўҳи «А»

Даври 1-ум

Узбекистон-2 – Қирғизистон – 2:2

 

Даври 2-юм

Афғонистон – Узбекистон-2 – 0:2

 

Даври 3-юм

Қирғизистон – Афғонистон – 2:0

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон-2* 2 1 1 0 4-2 4
2 Қирғизистон 2 1 1 0 4-2 4
3 Афғонистон 1 0 0 1 0-2 0

* Дастаи Узбекистон-2 дар мусобиқа ғайриконкурсӣ иштирок мекунад.

 

9 август (сешанбе)

Бозӣ барои ҷои 3-юм

10:00 – Афғонистон – Туркманистон. Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Бозӣ барои ҷои 5-ум

12:00 – Узбекистон-2 – ТОҶИКИСТОН. Тошканд, варзишгоҳи «Жар» ( аренаи хурд)

Финал

17:30 – Қирғизистон – Узбекистон-1. Тошканд, варзишгоҳи «Жар»

Добавить комментарий