Бозии “Триполи” – “Истиқлол”-ро ТВ “Варзиш” мустақиман намоиш медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии “Триполи” – “Истиқлол”-ро ТВ “Варзиш” мустақиман намоиш медиҳад

Муассисаи давлатии Телевизиони “Варзиш” бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 байни “Триполи” (Лубнон) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон)-ро мустациман намоиш медиҳад. Дар ин бора ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон муовини аввали директори ТВ “Варзиш” Парвиз Норов хабар дод.

Бозӣ рӯзи 8 март дар варзишгоҳи Триполи баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 18:00 ба вақти Душанбе). Бозиро ҳайати доварон бо роҳбарии сардовар Чоримурат Қурбонов аз Туркманистон ҳакамӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар квартети “В” “Истиқлол” дар майдони худ бо “Ал-Файсали” (Урдун) мусовӣ (0:0) бозӣ карда, “Триполи” дар сафар аз “Нафит Ал-Васат” (Ироқ) бо ҳисоби 0 бар 1 мағлуб шуд.

 

Добавить комментарий