Бозии санҷишӣ мусовӣ ва бе гол анҷом ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии санҷишӣ мусовӣ ва бе гол анҷом ёфт

Мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016, рӯзи 29 декабр бозии якуми санҷишии худро гузаронид.

Ҳарифи дружинаи Роман Пилипчук дар ин бозӣ, ҳайати омехтаи иборат аз бозигарони мунтахабҳои наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи  Тоҷикистон шуд. Дар бозӣ ғолиб маълум нагашт. Вохӯрӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Иттиҳод-2016 мунтахаби ҷавонони мо дар гурӯҳи «В» бо мунтахабҳои ҳамсоли худ аз Россия, Эстония ва Латвия рақобат мекунад. Ҷоми Иттиҳод-2016 аз 17 то 23 январ дар Санкт-Петербурги Россия доир мешавад.

Добавить комментарий