Бозии мунтахабҳои Австралия – Тоҷикистон дар Аделаида мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии мунтахабҳои Австралия – Тоҷикистон дар Аделаида мегузарад

Мунтахаби миллии Австралия тими миллии Тоҷикистонро дар доираи бозиҳои даври пеш аз охирини марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В», дар шаҳри Аделаида қабул мекунад. Бозӣ 24-уми марти соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои расонаҳои хабарии Австралия бозӣ миёни мантахабҳои миллии Австралияву Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Аделаида-Овал», ки 53 ҳазор ҷои нишаст дорад, доир хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки баъд аз ҳашт даври ин мусобиқа дар гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳ қарор дорад. Мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз зинаи дуюм ва Қирғизистон бо 11 имтиёз мақоми сеюми ҷадвали гурӯҳро ишғол мекунанд. Дружинаи Мубин Эргашев, ки 5 имтиёз дорад, дар ҷои чорум ва Бангладеш ҳамагӣ бо 1 имтиёз дар зинаи охирини гурӯҳ ҷойгир шуданд.

Марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар гурӯҳи «В»:

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Австралия 6 5 0 1 17-3 15
2 Урдун 6 4 1 1 12-2 13
3 Қирғизистон 7 3 2 2 9-8 11
4 ТОҶИКИСТОН 6 1 2 3 9-12 5
5 Бангладеш 7 0 1 6 2-24 1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 9

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

Добавить комментарий