Вохӯрии аввали «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистонро дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» доварон аз Амороти Мутаҳидаи Араб ҳакамӣ мекунанд.
Ин бозӣ 14 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 18:30 барпо мегардад.
КФО ба ин бозӣ довари 35-солаи Амороти Мутаҳидаи Араб Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан ал-Ҳамодиро ба ҳайси довари майдон, ба сифати ёваронаш Масъуд Ҳасан Исмоил Блук Фард, Ҷумъа Ҳамид Носир ал-Муҳайнӣ ва Юсуф Абдулло ал-Алӣ (довари эҳтиётӣ)-ро таъйин кард. Нозири доварон Ҷосим Муҳаммад аз Қатар ва комиссар Тох Сен Ни аз Малайзия интихоб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки «Дордой» ба бозиҳои гурӯҳи баъди ғалаба бар дастаи «Ҳосилот»и Фархор (1:0, 1:1) роҳхат гирифтааст.