Бозии ҷавобии нимфинали Ҷоми КФО-2015 байни чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва чемпиони дувоздаҳкаратаи Кувайт бошгоҳи футболи СК “Кувайт”-ро ҳайати доварон аз Узбекистон хизматрасонӣ мекунанд.
Сардовари бозӣ рефери ботаҷрибаи ФИФА Валентин Коваленкои 40-сола аст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Маъмур Саидқосимови 37-сола ва Ҳусниддин Шодмонови 39-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии бозиро рефери ФИФА Азиз Асимови 34-сола ба ӯҳда дорад. Нозири доварон Алӣ Ҳамад Мадҳад Сайф Ал-Бадвавӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва комиссари бозӣ Кемел Токабаев аз Қирғизистон таъин шудаанд.
Ёдовар месозем, ки бозии ҷавобии нимфинали Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва СК “Кувайт” (Кувайт) рӯзи 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 18.00. Бозии аввал дар Эл-Кувайт бо ҳисоби 4 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом шуд.