Алоқамандона ба омодагии пурра ва баромади бомуваффақияти чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО- 2015 бо “Ал-Ваҳда”-и Сурия, шӯрои Кумитаи Иҷроияи ФФТ қарор кард, ки бозии марказии даври ҳафтуми чемпионати Тоҷикистон байни “Истиқлол” ва “Регар-ТадАз” аз 24 ба 29 май гузаронида шавад. Дар ин бора менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол” (Тоҷикистон) – “Ал-Ваҳда” (Сурия) рӯзи 26 май, соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.