Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2015 рӯзи 28 ноябр доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2015 рӯзи 28 ноябр доир мешавад

Лигаи милии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозии финалии Ҷоми Тоҷикистонро дар соли 2015 эълон кард.

Ба иттилои менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, бозӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2015 рӯзи 28 ноябр, соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор хоҳад гашт.

Дар бозии финалӣ, ки аз рӯи ҳисоб 24-умин бозии финалии Ҷоми миллӣ маҳсуб мешавад, дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАз»-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Ҳаминро қайд мекунем, ки дастаи «Истиқлорл»-и пойтахт ба ҳайси чемпиони Тоҷикистон соли оянда дар мусобиқаи Ҷоми КФО-2016 иштирок мекунад. Дар сурати Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб шудани «Регар-ТадАЗ», дастаи металлургчиён ҳуқуқи дар марҳилаи квалификатсионии Ҷоми КФО-2016 иштирок карданро соҳиб мешавад. Агар «Истиқлол» барандаи Ҷоми миллӣ шавад, он гоҳ барандаи медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат ба даври квалификатсионии Ҷоми КФО-2016 роҳ меёбад.

Барои соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи чемпионати имсолаи Тоҷикистон, дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд имконияти бештар дорад. Дастаи соҳили Сирдарёро дар ду бозии боқимонда муқобили «Парвоз» ва «Истиқлол» ба даст даровардани се имтиёз басанда аст.

 

Ҳаммаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Бо пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восе) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хӯҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Бо пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Бо пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима» (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Бо пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — ?

Добавить комментарий