Бозии даври 18-ум байни «Истиқлол» – «Парвоз» 10-уми октябр баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии даври 18-ум байни «Истиқлол» – «Парвоз» 10-уми октябр баргузор мешавад

Бо қарори Лигаи футболи Тоҷикистон бозии даври ҷамъбастии Лигаи олии мамлакат байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки мувофиқи тақвими мусобиқа бояд рӯзи 30-юми октябр баргузор мешуд, ба вақти наздиктар гузаронида шуд.

Лига дар мувофиқати бевосита бо ҳардуи дастаҳо санаи баргузории бозиро рӯзи душанбеи 10-уми октябр муқаррар намуд. Бозӣ байни ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 16.00 доир мешавад.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Бозии даври 18-ум

10 октябр (душанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Истиқлол» – «Парвоз»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 14 10 3 1 46-15 33
2 «Ҳосилот» (Фархор) 14 8 4 2 28-13 28
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 13 7 2 4 30-14 23
4 КМВА «Помир» (Душанбе) 14 7 2 5 19-11 23
5 «Барқчӣ» (Душанбе) 13 6 2 5 20-18 20
6 «Хайр» (Ваҳдат) 14 5 4 5 20-22 19
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 14 5 3 7 19-28 18
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 5 1 8 13-31 16
9 «Равшан» (Кӯлоб) 14 2 3 9 15-36 9
10 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 14 1 2 11 10-32 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 15 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9 голӣ, Агблей Джонес («Хайр») – 8 гол, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 гол.

Добавить комментарий