Бозии дӯстонаи Узбекистон – Тоҷикистон: боз мусовӣ! – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дӯстонаи Узбекистон – Тоҷикистон: боз мусовӣ!

Дар маҷмааи варзишии «Узбекистон»-и шаҳри Тошканд имрӯз, 14 июл, бозии сеюми дӯстона байни мунтахабҳои миллии футзали Узбекистону Тоҷикистон доир шуд. Бозӣ хеле шавқовару тамошобо сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 5 бар 5 анҷом ёфт.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 7-ум бозигарони футзали мо боз карданд. Голро Собирҷон Гулаков ба самар расонд. Баъд аз панҷ дақиқа Дилшод Раҳматов ҳисоби вохӯриро баробар кард. Чор дақиқа пеш аз анҷоми қисми якуми бозӣ Файзалӣ Сардоров голи навбатии худро (дар ду бозии қаблӣ Сардоров ба дарвозаи мунтахаби Узбекистон чор гол зада буд!) ба дарвозаи соҳибони паркет зад. Дар дақиқаи якуми қисми дуюми бозӣ капитани мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Мансур Мамадбабаев голи сеюм ва баъд аз чор дақиқа Собирҷон Гулаков голи чоруми меҳмононро ба дарвозаи соҳибони майдон заданд. Аммо соҳибони паркет аз худ матонату қавииродагӣ нишон дода, на танҳо ҳисоби вохӯриро баробар карданд, балки бо таносуби як гол ба пеш низ баромаданд – 5:4. Як дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ бошад, Файзалӣ Сардоров дабл-пеналтиро амалӣ карда, ҳисобро баробар 5 бар 5 сохт. Ба ин тартиб, бозии сеюми дӯстона мусовӣ анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ду бозии қаблии дастаҳо, мутаносибан мусовӣ 3 бар 3 ва 2 бар 1 ба фоидаи витсе-чемпиони Осиё, мунтахаби Узбекистон анҷом шуданд. Мунтахаби миллии Узбекистон моҳи сентябри соли ҷорӣ дар марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон дар Колумбия иштирок мекунад.

 

Бозии дӯстона

Узбекистон – Тоҷикистон – 5:5

Голҳо: Собирҷон Гуляков, 7 (0:1). Дилшод Раҳматов, 12 (1:1). Файзалӣ Сардоров, 16 (1:2). Мансур Мамедбабаев, 21 (1:3). Собирҷон Гуляков, 24 (1:4). Элдор Ҳошимов, 27 (2:4). Илҳом Ҳамроев, 32 (3:4). Дилмурод Шавкатов, 34 (4:4). Дилшод Ирсалиев, 35 – дабл-пеналти (5:4). Файзалӣ Сардоров, 39 – дабл-пеналти (5:5).

Дабл-пеналтии амалинашуда: Дилшод Раҳматов (Узбекистон), 30.

Узбекистон (панҷгонаи якум): Акмал Ҳазратқулов, Нодир Элибоев, Дилшод Раҳматов, Саид Ризо Миршарофов, Акбар Усмонов.

Ивазкунандаҳо: Шавкат Ибрагимов, Дилмурод Шавкатов, Илҳом Раҷабов, Тоҳир Абдураззоқов, Алишер Иброҳимов, Машраб Одилов, Илҳом Ҳамроев, Алан Аминов, Дилшод Ирсалиев, Элдор Ҳошимов.

Тоҷикистон (панҷгонаи якум): Муродулло Алиқулов, Мансур Мамедбабаев, Меҳрубони Тиллозода, Шавкат Ҳалимов, Раҳмоналӣ Шарипов.

Ивазкунандаҳо: Фирӯз Бекмуродов, Умед Мирзораҳимов, Собирҷон Гуляков, Фирӯз Сангов, Фирдавс Тусматов, Умед Кузиев, Файзалӣ Сардоров, Некрӯз Алиаҳмадов, Фирӯз Юсуфзода.

14 июл. Тошканд. Маҷмааи варзишии «Узбекистон».

Добавить комментарий