Бозии дӯстонаи собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дӯстонаи собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон

Рӯзи душанбеи 14 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозии дӯстонаи собиқадорони футболи Тоҷикистону Афғонистон доир шуд. Бозии дӯстона бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи собиқадорони футболи тоҷик анҷом ёфт. Ду голи собиқадорони моро Сӯҳроб Ҳамидов ва як голро Шӯҳрат Шамсиев ба самар расонданд. Як голи собиқадорони футболи Афғонистонро собиқ капитани тими миллии ин кишвар Муҷтабо Файз Забиҳулло зад.

Ёдрас мешавем, ки ин бозии сеюми дӯстонаи собиқадорони футболи Афғонистон дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон буд. Қаблан онҳо бозии футзалро бо собиқадорони Академияи “Истиқлол” мусовӣ 5 бар 5 анҷом карда, дар бозӣ бо собиқадорони дастаи “панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд.

 

Бозии дӯстона

Мунтахаби собиқадорони ТоҷикистонМунтахаби собиқадорони Афғонистон – 3:1

Голҳо: Сӯҳроб Ҳамидов, 7 (1:0). Муҷтабо Файз Забиҳулло, 16 (1:1). Сӯҳроб Ҳамидов, 25 (2:1). Шӯҳрат Шамсиев, 68 (3:1).

Мунтахаби собиқадорони Тоҷикистон (ҳайати аввалӣ): Анваршо Мирзоев, Аҳлиддин Турдиев, Хуррам Нозирӣ, Раҳматулло Фузайлов, Тоҳир Сангов, Баҳодур Суфиев, Сафархон Раҳимов, Шӯҳрат Шамсиев, Рустам Хоҷаев (капитан), Назиршо Ризомов, Сӯҳроб Ҳамидов.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Саид Ғаюров, Юсуф Рабиев, Валиҷон Игамбердиев, Сулаймон Бобокалонов, Тоҷиддин Мираков.

Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Ёварон: Владимир Домлоҷонов, Холмурод Зардов (ҳар ду аз Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Султон Қосимов (Душанбе).

14 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобинон.

Добавить комментарий