Бозии дӯстона байни чемпиони чоркаратаи Тоҷикисон «Истиқлол»-и пойтахт ва чемпиони дукарати Федератсияи Россия бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Москва рӯзи 26-уми июн, соати 21.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе доир хоҳад шуд.
Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахти мамлкат дар ин бора роҳбарони ҳар ду даста ба мувофиқа расиданд. Ин бозӣ дар мусоидати бевоситаи сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон баргузор гардида, ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон ташкилу баргузор гардонида мешавад.
Муквофиқи шартҳои маслиҳати пешакӣ сармураббии «Локомотив»-и Москва ҳамватани мо Игор Черевченко ба Тоҷикистон ҳайати асосии дастаи худро хоҳад овард.