Бозии дӯстонаи Фаластин – Тоҷикистонро бригадаи доварон аз Урдун ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дӯстонаи Фаластин – Тоҷикистонро бригадаи доварон аз Урдун ҳакамӣ мекунад

Бозии дӯстона байни мунтахабҳои Фаластину Тоҷикистонро, ки рӯзи сешанбеи 6 сентябр дар Хеврон баргузор мешавад, бригадаи доварон аз Урдун ҳакамӣ мекунад.

Вазифаи сардовари вохӯриро рефери 37 солаи ФИФА Мурад Аҳмад Ал-Заваҳреҳ (дар акс –  дуюм аз ҷониби рост) иҷро мекунад. ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш – ёварони рефери ФИФА Абед Ал-Рохман Наджи Моҳаммад Ақили 39 сола ва  Маҳмуд Тоҳир Муҳаммад Абу-Тоҳири 37 сола кӯмак мекунанд. .

Мурад Аҳмад Ал-Заваҳреҳ аз соли 2011 довари дараҷаи байналмилалӣ мебошад. Қаблан, ӯ ду маротиба бозиҳоро бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон хизматрасонӣ кардаст.  Мурад Ал-Заваҳреҳ дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2014 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола, дар бозиҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ (0:5) ва Лубнон (0:0) сардовар буд.

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои Фаластину Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 6-уми сентябр дар Варзишгоҳи байналмилалии «Дура»-и шаҳри Хеврони Фаластин баргузор мешавад.  Бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳалл, ки баробари соати 20:00 ба вақти Душанбе аст, шурӯъ хоҳад шуд.

Добавить комментарий