Бозии дӯстона дар Хоруғ: дӯстӣ ғалаба мекунад! – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дӯстона дар Хоруғ: дӯстӣ ғалаба мекунад!

Рӯзи чоршанбеи, 20 апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бозии дӯстона байни мунтахби ВМКБ ва ҳайати ҷавонони чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе  доир гардид.

Ин бозӣ, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати Миллӣ доир гардонида шуд, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ хеле бошукӯҳ ташкилу баргузор гардид. Шумораи зиёди мухлисони ба варзишгоҳ омада шоҳиди бозии шавқовару диданӣ шуданд. Новобаста аз характери дӯстона доштан, вохӯрӣ бисёр ҷазобу шавқовар ҷараён гирифта бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом ёфт. Он гуна ки мегӯянд, дар ин бозӣ дӯстӣ ғалба кард! 

 

Бозии дӯстона

Мунтахаби ВМКБ – ҳайати ҷавонони «Истиқлол» – 3:3

Голҳои ҳайати ҷавонони «Истиклол»: Ҳомид Сафаралӣ, 26, Гурез Аслонов, 33,  Карим Саидов, 78.

Ҳайати ҷавонони «Истиқлол»: Эмомалӣ Сониев, Оятулло Сафаров, Идрис Ёров, Шаҳбоз Маҳмадуллоев, Заурбек Хоҷаев, Гурез Аслонов (Аслиддин Муҳаммадиев, 68), Шериддин Бобоев, Абдулмумин Забиров (Фарҳод Қосимов, 75), Алишер Мирзоев (Карим Саидов, 68), Ҳомид Сафаралӣ (Дурахшон Рӯзибоев, 57) Исмоил Алимардонов.

Сардовар: Акобир Файзуллозода (Душанбе).

20 апрел. Хоруғ. Варзишгоҳи марказӣ. 15 000 тамошобинон.

Добавить комментарий