Бозии Бангладеш – Тоҷикистон ним соат пеш аз вақти муқарраршуда оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии Бангладеш – Тоҷикистон ним соат пеш аз вақти муқарраршуда оғоз мешавад

Бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни мунтахабҳои миллии Бангладеш ва Тоҷикистон, ки имрӯз дар Варзишгоҳи миллии Бангабанду дар Дакка баргузор мешавад, ним соат пеш аз вақти муқарраршуда, оғоз хоҳад шуд.

Алоқамандона ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон Федератсияи футболи Бангладеш тасмим гирифт, ки бозиро ним соат пеш аз вақти қаблан ба нақшагирифташуда оғоз намояд. Ба ин тартиб, бозӣ соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ (15:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар Душанбе, ки рӯзи панҷшанбеи 2-юми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар ҳузури бештар аз 8 ҳазор тамошобин доир гардид, бо ҳисоби калони 5 бар 0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфт. Ғолиби ҷуфти Банладеш –  Тоҷикистон аз руи ҷамъбасти натиҷаи ду бозӣ хуқуқи дар марҳилаи гурӯҳӣ-интихобии Ҷоми Осиё-2019 иштирок намуданро соҳиб мешавад. Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ-интихобии Ҷоми Осиё-2019 аз моҳи марти соли оянда шурӯъ мешаванд.

Добавить комментарий