Бозии байни “Истиқлол” – “Паҳанг”-ро ҳайати доварони урдунӣ ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии байни “Истиқлол” – “Паҳанг”-ро ҳайати доварони урдунӣ ҳакамӣ мекунанд

Бозии марҳилаи чорякниҳоии чемпиони секартаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанберо бо “Паҳанг”-и Малайзия ҳайати доварон аз Урдун ҳакамӣ мекунанд.

Сардоварӣ бозӣ Адҳам Муҳаммад Тумах Маҳадмеҳи 29-сола аст, ки сар аз соли 2013 рефери ФИФА мебошад. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Аҳмад Моаннеси 36 сола ва Файсал Муҳаммад Аввал Швайри 44-сола кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётии бозӣ, рефери 30-солаи ФИФА Аҳмад Яқуб Иброҳим аст. Нозири доварон Ҳусайн Гхадханферӣ аз Кувайт ва комиссарӣ бозӣ Сувакумар аз Сингапур таъин шуданд.

Ёдрас месозем, ки бозии якуми марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Паҳанг”-и Малайзия рӯзи 26 август, соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.

Добавить комментарий