Бозии байни «Истиқлол» – «Хуҷанд»-ро Диловар Орзуев ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии байни «Истиқлол» – «Хуҷанд»-ро Диловар Орзуев ҳакамӣ мекунад

Бозии ифтитоҳии мавсими футболи имсоларо байни чемпиони феълӣ «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, Диловар Орзуев ҳакамӣ мекунад.

Бозӣ пагоҳ, 9 апрел, соати 17.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад.

Орзуевро дар канори майдон Ҳасан Каримов аз Норак ва Эркин Мадибоев аз Душанбе кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Ҷамолиддин Оев аз Варзоб ба зимма дорад. Анваршо Мирзоев аз Душанбе ташкилу баргузории бозиро назорат намуда, инчунин кори доварони вохӯриро баҳогузорӣ мекунад.

Добавить комментарий