Бозиҳои «Парвоз» – «Барқи тоҷик» ва «Хуҷанд» – «Равшан» ба мавқуф гузошта шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои «Парвоз» – «Барқи тоҷик» ва «Хуҷанд» – «Равшан» ба мавқуф гузошта шуданд

Бо қарори Шӯрои Кумитаи Иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври понздаҳуми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои “Парвоз” – “Барқи тоҷик” ва “Хуҷанд” – “Равшан” ба вақти дигар гузаронида шуданд.

Вохӯрӣ байни дастаҳои “Парвоз” ва “Барқи тоҷик”, ки мувофиқи тақвими баргузориҳои чемпионати мамлакат, бояд рӯзи 17 октябр доир мешуд, ба 23 октябр гузаронида шуд. Бозии миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Равшан” бошад, аз 18 ба 24 октябр интиқол ёфт. Ёдрас месозем, ки қаблан бо қарори Шӯрои Кумитаи Иҷроияи ФФТ як бозии дигари ин давр байни “Истиқлол” ва КМВА “Помир” низ ба вақти дигар гузаронида шуда буд.

Ба ин тартиб, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи ҷорӣ ҳамагӣ ду бозии даври понздаҳуми чемпионати кишвар доир хоҳад шуд. “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Хайр”-и Ваҳдат бошад, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро қабул мекунад. Ин  бозиҳо рӯзи шанбеи 17 октябр доир мегарданд. Оғози бозиҳо соати 15:00.

Ба ғайр аз ин, санаи баргузории ду бозии даври 20-уми сабқати дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон низ тағийр карда шуд. Бозии байни дастаҳои МТО-и Хуҷанд ва “Панҷшер”-и Румӣ аз 19 октябр ба 10 ноябр ва бозӣ миёни дастаҳои “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ аз 20 ба 27 октябр гузаронида шуданд.

Добавить комментарий