Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар Душанбе шурӯъ мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар Душанбе шурӯъ мегардад

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А» 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  шурӯъ мегардад. Барои ягона роҳхат ба бозиҳои финалӣ дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон, Урдун, Баҳрайн,  Ироқ, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Филиппин мубориза мебаранд.

Дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Урдун алакай ба шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.  Омадани дастаҳои боқимонда шабу рӯзи наздик дар назар аст.

Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. 3 апрел дар бозиҳои нахустин дастаҳои мунтахаби бонувони Баҳрайн бо Урдун (соати 13:00), Ироқ бо Тоҷикистон (соати 16:00) ва Филиппин бо Амороти Мутаҳидаи Араб (соати 19:00) вориди майдон мешаванд.

Ғолибони 4 гурӯҳ ба бозиҳои финалии Чемпионати Осиё-2018, ки  дар Урдун мегузарад, роҳхат мегиранд.

Дастаи мунтахаби бонувони Урдун ба ҳайси мизбони бозиҳои финалӣ алакай ҳаққи иштирокро дар финал пайдо кардааст ва дар ин бозиҳо берун аз озмун ширкат менамояд. Агар футболбозони ин даста дар Душанбе ғолиби гурӯҳи «А» гарданд, пас соҳиби мақоми дуюм мустақиман ба бозиҳои ниҳоӣ меравад.

Ба ҷуз аз дастаи мунтахабӣи Урдун (мизбон) се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2014, ки дар Ветнам гузашта буд, дар бозиҳои финалӣ иштирок менамоянд. Инҳо дастаҳои мунтахаби бонувони Япония, Австралия ва Чин мебошанд.

 

Тақвими бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 байни бонувон дар гурӯҳи «А», шаҳри Душанбе

Даври 1

3 апрел (душанбе)

13:00 – Баҳрайн – Урдун

16:00 – Ироқ – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Филиппин – Амороти Мутаҳидаи Араб

 

Даври 2

5 апрел (чоршанбе)

13:00 – Филиппин – Ироқ

16:00 – Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Урдун – Амороти Мутаҳидаи Араб

 

Даври 3

7 апреля (ҷумъа)

13:00 – Амороти Мутаҳидаи Араб – Баҳрайн

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Филиппин

19:00 – Урдун – Ироқ

 

Даври 4

10 апрел (душанбе)

13:00 – Ироқ – Амороти Мутаҳидаи Араб

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Урдун

19:00 – Филиппин – Баҳрайн

 

Даври 5

12 апрел (чоршанбе)

13:00 – Урдун – Филиппин

16:00 – Амороти Мутаҳидаи Араб – ТОҶИКИСТОН

19:00 – Баҳрайн – Ироқ

Добавить комментарий