Бозиҳои даври ҳаштум як рӯз ба таъхир гузошта шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои даври ҳаштум як рӯз ба таъхир гузошта шуданд

Чор бозии даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон, ки мувофиқи тақвим бояд рӯзи 20 июн доир мешуданд, як рӯз ба таъхир гузаронида шуданд.

Сабабаи як рӯз ба таъхир гузаронидани ин бозиҳо он аст, ки рӯзи шанбеи 20 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии дӯстона байни чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ва “Газовик”-и Русия баргузор мешавад. Алоқамандона ба ин бозии байналмилалӣ бозиҳои даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон байни “Далерон-Уротеппа” – КМВА “Помир”, “Регар-ТадАз” – “Парвоз”, “Вахш” – “Хуҷанд” ва “Барқи тоҷик” – “Равшан” ба таърихи 21 июн гузаронида шуданд. Оғози бозиҳо соати 18.00. Боз як бозии дигари ин давр байни витсе чемпиони Тоҷикистон “Хайр”-и Ваҳдат ва чемпиони феълӣ “Истиқлол”-и Душанбе санаи 24 июн доир хоҳад шуд.

Добавить комментарий