Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ин ҳафта ҳамаи бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон, бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Ислом Маҳмадшоев, ки пас аз бемории тӯлонии вазнин хеле бармаҳал вафот ёфт, оғоз мегарданд.
Ҳамчунин ба дастаҳо иҷозат дода шуд, ки бо бозубанди мотамӣ ба майдон бароянд. Ёдовар мешавем, ки Ислом Маҳмадшоев 11 соли охир дар сохтори Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият мекард. Сар аз соли 2013 мавсуф вазифаи дабири куллро ба зимма дошт. Риштаи ҳаёти Ислом Маҳмадшоев 23 июл, дар синни 36-солагӣ канда шуд.
Дар доираи бозиҳои аввали 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон рӯзи шанбеи 25 июл “Истиқлол” – “Парвоз”, “Хуҷанд” – “Канд”, “Панҷшер” – КМВА “Помир” ва “Саройкамар” – “Хайр” вомехӯранд.
Рӯзи якшанбеи 26 июл бошад “Помир” – “Равшан”, “Вахш” – “Исфара”, “Далерон-Уротеппа” – “Барқи тоҷик” ва “Чашма” – “Регар-ТадАЗ” вориди рақобат мешаванд.
Қайд мекунем, ки ҳамаи бозиҳои 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон як соат пеш аз вақти қаблан хабар дода шуда, яъне соати 17.00 оғоз мешаванд. Қаблан оиди соати 18.00 оғоз шудани ин вохӯриҳо хабар пахш шуда буд. Бозиҳои ҷавоби рӯзҳои 4-5 август, соати 16.30 баргузор мегарданд.