Борис Григорянс: “Истиқлол” – беҳтарин даста дар гурӯҳи мо аст” – Федерация Футбола Таджикистана

Борис Григорянс: “Истиқлол” – беҳтарин даста дар гурӯҳи мо аст”

Дар арафаи бозии ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 дар нишасти анъанавии хабарӣ ба суолҳои рӯзноманигорон сармураббии “Аҳал” Борис Григорянс ва ниммуҳофизатгари даста Сулейман Оразов посух доданд.

Борис ГРИГОРЯНС, сармураббии “Аҳал”:

“Сабаби асосии дар Ашқобод аз “Истиқлол” мағлуб шудани мо (1:2) дар он буд, ки мо ҳарифамонро баъди бохташ аз “Эрбил” (1:3) нодида гирифтем. Корамон ҳам омад накад. Ҳангоми 1 бар 1 будани ҳисоб натавонистем, ки пеналтиро ба самар расонем. Воқеан, ана (Сулейман Оразовро ишора мекунад) гунаҳкори пеналтии амалинашуда. Шояд пеналтӣ ба ҳадаф мерасид, бозӣ ранги дигар мегирифт. Ман мехоҳам бозии хуби “Истиқлол”-ро қайд кунам. Маро бозии хуб, бале, хеле хуби дастаи душанбегӣ дар ҳаяҷон овард. Аз лиҳози тактикӣ, ҳаракат ва тӯбро идора кардан бозигарони “Истиқлол” дар Ашқобод аъло бозӣ карданд. Мо ду маротиба бо “Ал-Қадсия” ва “Эрбил” бозӣ кардем, аммо он бозиеро, ки “Истиқлол” нишон дод, дар онҳо надидам. Ҳамаи он тобишҳоеро, ки дар даври аввал ҷой доштанд ба инобат гирифта, вазифаи мо дар бозии фардо танҳо ғалаба кардан аст. Бозӣ дар Ашқобод собит намуд, ки “Истиқлол” техникаву ҳаракатҳои хуб ва муҳимтар аз ҳама матонати олӣ дорад. Ман чунин меҳисобам, ки дар гурӯҳи мо “Истиқлол” беҳтарин даста мебошад. Ин ақидаи шахсии ман аст”.

Сулейман ОРАЗОВ, ниммуҳофизатгари «Аҳал»:

– Дастаи мо ба бозӣ хуб омода аст. Фикр мекунам, ки бисёр бозии мушкил мешавад. Мо танҳо барои ғолиб шудан бозӣ мекунем. Кӯшиш мекунем, ки бозии хуб нишон диҳем.

IMG_5894

Добавить комментарий