Бохти Тоҷикистон аз Литва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти Тоҷикистон аз Литва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи нахустин ноиби аввали президенти ФИФА  Валентин Гранаткин дар бозӣ барои ҷойҳои 13-16-ум аз дастаи Литва аз рӯи силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 4-5 мағлуб шуд.

Бозӣ рӯзи 17-уми январ, дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.  Замони асосии вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.

Акнун футболбозони ҷавони тоҷик барои ҷойҳои 15 -16-ум рӯзи ҷумъаи 20-уми январ бо дастаи мағлуби бозии Ҳиндустон – Эрон рақобат мекунанд. Ғолиби ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ рӯзи 21-уми январ дар бозии ниҳоӣ маълум хоҳад шуд.

 

Тоҷикистон – Литва – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:5

Тоҷикистон: Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Манучеҳр Сафаров, Ҳувайдо Малиев, Кароматулло Саидов, Эҳсони Панҷшанбе, Далер Ёдгоров (Саидмухтор Азимов, 67), Зиёвуддин Фузайлов (Султоншо Мирзоев, 81), Шериддин Бобоев, Нуриддин Ҳамроқулов (Умарҷон Шарифов, 67), Шаҳром Самиев.

Огоҳонида шуданд: Кароматулло Саидов, Манучеҳр Сафаров (Тоҷикистон), Виткус Домантас, Уткус Эдгарас, Пауликас Тадас (Литва).

Сардовар: Евгений Мамойко (Русия).

17 январ. Санкт-Петербург. МВК «Петербургский». 300 тамошобин.

 

Бозиҳо барои ҷойҳои 9 -12

18:30 – №35 – Беларус – Молдова

21:00 – №36 – Эстония – Озарбойҷон

 

18 январ (чоршанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 5 -8

14:00 – №37 – Латвия – Словения

16:15 – №38 – Булғористон – Словакия

Бозиҳои ниманиҳоӣ

18:30 – №39 – Юнон – Қазоқистон

21:00 – №40 – Русия – Санкт-Петербург

 

20 январ (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойҳои 15 -16

14:00 – №41 – ТОҶИКИСТОН – Мағлуби бозии №34

Бозӣ барои ҷойҳои 13 -14

16:15 – №42 – Литва – Ғолиби бозии №34

Бозӣ барои ҷойҳои 11 -12

18:30 – №43 – Мағлуби бозии №35 – Мағлуби бозии №36

Бозӣ барои ҷойҳои  9 -10

21:00 – №44 – Ғолиби бозии №35 – Ғолиби бозии №36

21 январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

13:00 – №45 – Мағлуби бозии №37 – Мағлуби бозии №38

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

15:15 – №46 – Ғолиби бозии №37 – Ғолиби бозии №38

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

17:30 – №47 – Мағлуби бозии №39 – Мағлуби бозии №40

Финал

21:00 – №48 – Ғолиби бозии №39 – Ғолиби бозии №40

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо –  ба вақти Душанбе.

Добавить комментарий