Бохти наврасони Тоҷикистон аз Арманистон дар Сочи – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти наврасони Тоҷикистон аз Арманистон дар Сочи

Мунтахаби наврасони зери сини 16-соли Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзи 29 май дар Сочии Русия оғоз гардид, дар нахустин бозиаш аз мунтахаби наврасони Арманистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.

Голи ягонаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин бозӣ Шарифбек Раҳматов зад. Ду голи мунтахаби Арманистонро Нарек Григорян ва як голро Арам Колозян ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигар мунтахаби наврасони Қазоқистон бо ҳисоби 3:1 бар дастаи мунтахаби наврасони кишвари Краснодар пирӯз шуд.

Мусобиқа бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва кишвари Краснодари Русия дар варзишгоҳи «Юност»-и Сочи то 2 июн идома хоҳад кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аслан аз ҳисоби бозингарони тими лигаи аввали футболи кишвар – «Локомотив-Помир»-и Душанбе – таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бозии дувумашро 30 май бо дастаи Краснодар анҷом медиҳад.

Аз рӯи натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Ду дастаи дигар барои ҷойи севум рақобат мекунанд.

Ин мусобиқа барои футболбозони навраси тоҷик як марҳалаи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2018, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Дар ин марҳилаи интихобӣ рақибони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Умон, Сурия, Туркманистон ва Молдив мебошанд.

 

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи

Даври 1-ум

Арманистон (U-16) – Тоҷикистон (U-15) – 3:1

Голҳо: Нарек Григорян (2), Арам Колозян – Шарифбек Раҳматов.

 

Кишвари Краснодар (U-16) – Қазоқистон (U-16) – 1:3

 

Б Ғ М Б Т И
1 Арманистон (U-16) 1 1 0 0 3-1 3
2 Қазоқистон (U-16) 1 1 0 0 3-1 3
3 Тоҷикистон (U-15) 1 0 0 1 1-3 0
4 Краснодар (U-16) 1 0 0 1 1-3 0

 

Тақвими бозиҳои мусобиқаи Сочи:

Даври 2-юм

30 май (сешанбе)

Краснодар – Тоҷикистон

Арманистон – Қазоқистон

Даври 3-юм

1 июн (панҷшанбе)

Краснодар – Арманистон

Қазоқистон – Тоҷикистон

2 июн (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Бозии ниҳоӣ

Добавить комментарий