Бохти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз наврасони Испания – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз наврасони Испания

Айни замон дастаи  мунтхабаи наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддн Раҳимов дар сабқати байналмилӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон дар Остона ширкат дорад.

Дар бозии даври ифтитоҳии мусобиқа дружинаи Зайниддин Раҳимов аз наврасони зери 17-солаи Испания, ки чемпиони феълии Ҷоми президенти Қазоқистон ҳастанд, бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд. Голҳоро ба дарвзаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алехандро Миян (дақиқаи 13), Сан Барталонэ (дақиқаи 71) ва Хуан Брандаритс (дақиқаи 79) заданд.

Бозии навбатии худро наврасони мо рӯзи 23 июн бо наврасони Қирғизистон ва бозии ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳиро рӯзи 25 июн бо соҳибони майдон мунтахаби наврасони Қазоқистон мегузаронад.

Қаминро қайд мекунем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо байни ҳам дар як қисм бозӣ мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо барои ҷоизаи асосӣ ва дастаҳои дигар барои зинаҳои боқимондаи сабқат рақобат мекунанд. Ҷоизапулии мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолиб дар баробари Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор, дастаи финалист бо 6 ҳазор ва барандаи медалҳои биринҷӣ бо 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

 

Ҷоми президенти Қазоқистон

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Испания – ТОҶИКИСТОН – 3:0

Голҳо: Миян Алехандро, 13 (1:0). Сан Барталонэ, 71 (2:0). Хуан Брандариц, 79 (3:0).

Испания: Лопес, Брандаритс, Эстивариц, Роблес (Эмбола, 56), Сабартэ, Морланэс, Бускетс (Гарсия, 41), Мигелес (Лозано, 41), Миян, Мартин (Укия, 56), Агиэро (Сан Барталонэ, 41, Бернаола, 67).

Тоҷикистон: Далер Азизов (Сироҷиддин Ҳусейнов, 75), Зиёвуддин Фузайлов, Султоншо Мирзоев, Хусейн Нурматов (Маҳмадзарифӣ Абдураҳим, 64), Ваҳдат Ҳанонов (Аваз Қамчинов, 59), Фаридун Неъматов (Искандар Солиев, 64), Саидмухтор Азимов (Аслам Камолов, 59), Шервони Мабатшоев (Амир Иброҳимов, 41), Исломиддин Ғоибов (Шамсулло Ҷӯраев, 75), Рамз Амрохонов, Мубинҷон Муминов.

22 июн. Остона. Варзишгоҳи «Остона-Арена». 200 тамошобинон.

ҚазоқистонҚирғизистон – 3:1

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Испания 1 1 1 0 3-0 3
2 Қазоқистон 1 1 0 0 3-1 3
3 Қирғизистон 1 0 0 1 1-3 0
4 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 0-3 0

 

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Беларус – Озрбойҷон – 1:3

Русия-2 – Гурҷистон – 0:2

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Озарбойҷон 1 1 0 0 3-1 3
2 Гурҷистон 1 1 0 0 2-0 3
3 Беларус 1 0 0 1 1-3 0
4 Русия-2 1 0 0 1 0-2 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

23 июн (сешанбе)

9.00 – Беларус – Гурҷистон

12.00 – Русия-2 – Озарбойҷон

15.00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

18.00 – Қазоқистон – Испания

 

Даври 3-юм

25 июн (панҷшанбе)

9.00 – Гурҷистон – Озарбойҷон

12.00 – Русия-2 – Беларус

15.00 – Испания – Қирғизистон

18.00 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН

 

Бозиҳои финалӣ

26 июн (ҷумъа)

9.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

18.00 – Бозии ниҳоӣ

Добавить комментарий