Бохти мунтахаби ҷавонон дар бозии дуюми санҷишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти мунтахаби ҷавонон дар бозии дуюми санҷишӣ

Мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ҷиҳати иштироки бомуваффақият дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар Теҳрони Эрон ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ мегузаронад, бозии санҷишии дуюми худро бо мунтахаби наврасони ин кишвар доир намуд.

Бозӣ хеле ҷаззобу шавқовар ҷараён гирифта, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфт. Голи ягонаро Муҳаммад Меҳдихон дар дақиқаи 37-уми қисми аввали вохӯрӣ ба самар расонд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 сентябр бозии санҷишии якуми ин дастаҳо низ бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи ҷавонони эронӣ поин ёфта буд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозии дуюми санҷишии худро бо соҳибони майдон дар чунин ҳайат гузаронид: Беҳрӯз Хайриев, Алишер Сафаров, Алишери Ҳотам (Қувватбек Равшанбеков, 72), Абӯбакр Азимов, Табрези Давлатмир (Алишер Баротов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Мунир Давлатбеков (Кароматулло Саидов, 46), Отабек Каримов (Ҳокимҷон Ҳасанов, 46), Саидҷон Шарипов (Рустам Толибов, 46), Амирҷон Сафаров (Суннатулло Холов, 72), Азиз Бегов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 46).

Ба ин тартиб мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишиву машқии худро дар Эрон анҷом карда, ба Душанбе бармегардад ва омодагияшро ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё дар пойтахти кишвар идома медиҳад. Марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи “F” аз 2 то 6 октябр дар Душанбе баргузор мешавад ва дар он мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз давлатҳои Ироқ (2 октябр), Баҳрайн (4 октябр) ва Малдив (6 октябр) рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад. Ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа ғолибони гурӯҳ ва панҷ дастаи нишондиҳандаҳояшон беҳтари ҷои дуюм роҳхат мегиранд.

Агар мунтахаби Баҳрайн, ки мизбони марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа мебошад, дар гурӯҳ ҷои аввалро соҳиб шавад ва ё  ба қатори панҷ дастаи ҷои дуюми нишондиҳандаашон беҳтари гурӯҳҳо шомил гардад, он гоҳ дастаи шашуми нишондиҳандааш беҳтар ба марҳилаи финалии сабқат роҳ меёбад.

Добавить комментарий