Бохти дуюми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти дуюми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Тоҷикистон, ки дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 дар Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Араб иштирок мекунад, дар даври дуюми мусобиқа аз соҳиони майдон бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст хўрд. Баъди ин бохт шогирдони Алишер Тухтаев тамоми имкониятҳоро барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз даст доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ифтитоҳии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз ҷавонони Яман бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб шуд.

Баъди ду давр мунтахабҳои ҷавонони Яман ва Имороти Муттаҳидаи Араб шаш имтиёзӣ доранд. Тоҷикистону Шри-Ланка, ки дар ду бозӣ мағлуб шудаанд, дигар имконияти ба даври баъдӣ баромаданро надоранд.

Дар даври охирини мусобиқа, ки рўзи 31-уми март баргузор мешавад, Тоҷикистон бо Шри-Ланка вомехўрад. Оғози бозӣ соати 20.45 ба вақти Душанбе.

Чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони зери 23-сола. Марҳилаи интихобӣ

Гурўҳи «D»

Даври 1-ум

Яман – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Айман Ал-Хагри, 21 (1:0). Ромиш Ҷалилов, 61 (1:1). Айман Ал-Хагри, 78 (2:1).

Тоҷикистон: Муминҷон Гадойбоев, Алишер Шарипов (капитан), Бахтиёр Азимов, Саидхони Амрохон, Соҳибҷон Ҳакимов, Амирек Ҷўрабоев, Парвизҷон Умарбоев (Фирўз Раҳматов, 84), Фаридун Шарипов, Абдулло Саидов (Ромиш Ҷалилов, 61), Ҷаҳонгир Алиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 69), Абдурасул Раҳмонов.

27 май. Фуҷайра (ИМА). Варзишгоҳи «Калба». 300 тамошобин.

ИМА – Шри-Ланка – 4:0

 

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – ИМА– 0:3

Голҳо: Юсиф Саид, 14 – аз пеналти (0:1). Ахмед Барман, 21 (0:2). Ахмед Рабиа, 61 (0:3).

Тоҷикистон: Муминҷон Гадойбоев, Наврўз Рустамов, Алишер Шарипов (капитан), Бахтиёр Азимов, Саидхони Амрохон, Амирбек Ҷўрабоев (Эмомалӣ Сониев, 14), Ромиш Ҷалилов, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев, Абдурасул Раҳмонов, Ҷаҳонгир Эргашев.

Аз майдон ронда шуд: Муминҷон Гадойбоев (Тоҷикистон), 12 – барои фоли «умеди охирон».

27 май. Фуҷайра (ИМА). Варзишгоҳи «Калба». 1409 тамошобинон.

Шри-Ланка – Яман – 0:5

Даври 3-юм

31-уми март

17.45 – ИМА – Яман

20.45 – ТОҶИКИСТОН – Шри-Ланка

Majestic Forest video slot review — Medium- Casino Slots

Добавить комментарий