Бохт аз Урдун дар Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Бохт аз Урдун дар Душанбе

Мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии ифтитоҳии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи  “В” аз тими миллии Урдун дар Душанбе бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуд. Голи ягонаи соҳибони майдонро ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд.

Се голи урдуниҳоро ҳамлагари клуби футболи “Ал-Харайт”-и Қатар ва мунтахаби миллии Урдун Ҳасан Абдул Фаттоҳ дар дақиқаҳои 29, 64 ва 88-уми бозӣ ба дарвозаи Алишер Тӯйчиев ворид намуд.

Бози шоми 11 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ширкати 19 ҳазор тамошобинон сурат гирифт. Дар нишастгоҳи меҳмонони ифтихорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд.

Тими миллии Тоҷикистон бозии навбатии худро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 рӯзи 16 июн дар Дакка бо мунтахаби Бангладеш мегузаронад. Бангладеш низ дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии ҶҶ-2018 дар майдони худ аз мунтахаби  Қирғизистон бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуд.

 

ҶҶ-2018. Марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «B». Даври 1-ум

Тоҷикистон – Урдун – 1:3

Голҳо: Ҳасан Абдул Фаттоҳ, 29 (0:1). Ҳасан Абдул Фаттоҳ, 64 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 67 (1:2).Ҳасан Абдул Фаттоҳ, 88 (1:3).

Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Фарҳод Восиев (к), Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 84), Иброҳим Рабимов (Аҳтам Ҳамроқулов, 37), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Фарҳод Тоҳиров, 74), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов.

Урдун: Амер Шафи, Баха Абдулрахман, Монтхер Абу Амара, Одай Захран (Юсеф Ахмед, 90), Аҳмад Салех, Абдалла Диб (Аднан Сулейман, 71), Ибрахим Завахрех, Ҳасан Абдул Фаттоҳ, Анас Бани Ясин, Хамза Ал-Дарадрех (Одаи Ал-Сайфи, 75), Мохаммад Ал-Дмеири.

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон), Монтхер Абу Амара, Одай Захран (Урдун).

Сардовар: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Ёварон: Муҳаммадризо Аболфазли, Саид Алинежадиан (ҳар ду аз Эрон).

Довари эҳтиётӣ: Ҳасан Акрамӣ (Эрон).

Нозири доваронКадхум Ауда Лазим Аль-Саеди (Ироқ).

Комиссари бозӣ: Али Ҷебрил (Фаластин).

11 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 19 000 тамошобинон.

 

Бангладеш Қирғизистон 1:3

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Урдун 1 1 0 0 3-1 3
2 Қирғизистон 1 1 0 0 3-1 3
3 Австралия 0 0 0 0 0-0 0
4 ТОҶИКИСТОН 1 0 0 1 1-3 0
5 Бангладеш 1 0 0 1 1-3 0

Дар даври  2-юм вомехӯранд:

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Австралия

 

Гурӯҳи «А». даври 1-ум

Малайзия – Тимори Шарқӣ – 1:1

Арабистони Саудӣ – Фаластин – 3:2

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Арабистони Саудӣ 1 1 0 0 3-2 3
2 Тимори Шарқӣ 1 0 1 0 1-1 1
3 Малайзия 1 0 1 0 1-1 1
4 АМА 0 0 0 0 0-0 0
5 Фаластин 1 0 0 1 2-3 0

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

16 июн (сешанбе)

Тимори Шарқӣ – АМА

Малайзия – Фаластин

 

Гурӯҳи «C». Даври 1-ум

Гонконг – Бутан – 7:0

Малдив – Қатар – 0:1

Б Ғ М Б Т/Т О
1 Гонконг 1 1 0 0 7-0 3
2 Қатар 1 1 0 0 1-0 3
3 Чин 0 0 0 0 0-0 0
4 Малдив 1 0 0 1 0-1 0
5 Бутан 1 0 0 1 0-7 0

Дар даври 2-юм вомеранд:

16 июн (сешанбе)

Бутан – Чин

Гонконг – Малдив

 

Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

Гуам – Туркманистон – 1:0

Ҳиндустон – Умон – 1:2

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Умон 1 1 0 0 2-1 3
2 Гуам 1 1 0 0 1-0 3
3 Эрон 0 0 0 0 0-0 0
4 Ҳиндустон 1 0 0 1 1-2 0
5 Туркманистон 1 0 0 1 0-1 0

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

16 июн (сешанбе)

Гуам – Ҳиндустон

Туркманистон – Эрон

 

Гурӯҳи «E». Даври 1-ум

Камбоҷа – Сингапур – 0:4

Афғонистон – Сурия – 0:6

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Сурия 1 1 0 0 6-0 3
2 Сингапур 1 1 0 0 4-0 3
3 Ҷопон 0 0 0 0 0-0 0
4 Камбоҷа 1 0 0 1 0-4 0
5 Афғонистон 1 0 0 1 0-6 0

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

16 июн (сешанбе)

Ҷопон – Сингапур

Камбоҷа – Афғонистон

 

Гурӯҳи «F». Даври 1-ум

Таиланд – Ветнам – 1:0

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Таиланд 1 1 0 0 1-0 3
2 Ироқ 0 0 0 0 0-0 0
3 Тайбэйи Чин 0 0 0 0 0-0 0
4 Ветнам 1 0 0 1 0-1 0

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

16 июн (сешанбе)

Тайбэйи Чин – Таиланд

 

Гурӯҳи «G». Даври 1-ум

Лубнон – Кувайт – 0:1

Лаос – Мянма – 2:2

Б Ғ М Б Т/Т И
1 Кувайт 1 1 0 0 1-0 3
2 Лаос 1 0 1 0 1-1 1
3 Мянма 1 0 1 0 1-1 1
4 Кореяи Ҷанубӣ 0 0 0 0 0-0 0
5 Лубнон 1 0 0 1 0-1 0

Дар даври  2-юм вомехӯранд:

16 июн (сешанбе)

Мянма – Кореяи Ҷанубӣ

Лаос – Лубнон

 

Гурӯҳи «H». Даври 1-ум

Яман – ҶХДК – 0:1

Филиппин – Баҳрайн – 2:1

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 Филиппин 1 1 0 0 2-1 3
2 ҶХДК 1 1 0 0 1-0 3
3 Узбекистон 0 0 0 0 0-0 0
4 Баҳрайн 1 0 0 1 1-2 0
5 Яман 1 0 0 1 0-1 0

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

16 июн (сешанбе)

ҶХДК – Узбекистон

Яман – Филиппин

Добавить комментарий