Барномаи «Рушди футбол» дар «Шабакаи якум» мемонад! – Федерация Футбола Таджикистана

Барномаи «Рушди футбол» дар «Шабакаи якум» мемонад!

Хабари минбаъд дар «Шабакаи якум» пахш нашудани барномаи «Рушди футбол» байни мухлисони сершумори ин намуди зебои варзиш ҳангомаи зиёдро дар пай овард. Оиди ин мавзӯ дафтари матбуоти Федератияи футболи мамлакат ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Дар Кумита ин хабарро инкор карданд.

Аз он ҷо як манбаъи боэътимод ба дафтари матбуоти ФФТ гуфт, ки раиси тозатаъини Кумитаи телевизион ва радиоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пирзода мухлиси асили футбол ҳастанд ва дар андешаи онанд, ки дар оянда ин барнома беҳтар ва дар сатҳи касбӣ инъикос шавад.

«Шакли имрӯзии барнома, ки онро кормандонамон роҳандозӣ мекунанд, моро  қонеъ намесозад. На танҳо кори масъулони ин барнома, балки кори бисёр кормандони дигар барномаҳо низ дар сатҳи касбӣ нест. Барои ин, мо ба бисёр муаллифони барномаҳои телевизионӣ ҳушдор додем, ки ё барномаҳои худро касбиву диданӣ созанд ва ё мо муаллифони боистеъдодтарро ҷалб мекунем. Ҳамааш ҳамин. Барномаи «Рушди футбол» бошад, барои худи мо ҳам диданиву дӯстдоштанист. Мо ба ин барнома дар оянда низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем ва он дар вақти муайян (соати 21.40) пахш хоҳад шуд. Имрӯз барномаи навбатии «Рушди футбол» пахш мешавад», – гуфт манбаъи мазкур.

Ёдовар мешавем, ки барномаи «Рушди футбол» сар аз соли 2013 ҳафтае як маротиба рӯзи чоршанбе тавассути «Шабакаи якум» пахш мешавад. Ҳадафи асосии пахши барнома, инъикоси вазъи футболи кишвар ва тарғибу ташвиқи ин намуди зебои варзиш байни аҳолӣ  мебошад.

Добавить комментарий