Бангладеш рақиби Тоҷикистон дар бозии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 – Федерация Футбола Таджикистана

Бангладеш рақиби Тоҷикистон дар бозии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019

Имрӯз, 7 апрел, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпури Малайзия қуръакашии бозиҳои плей-офф барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 доир гардид. Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон бо Бангладеш дар бозии плей-офф вомехӯрад. Бозии аввал рӯзи 2 июн дар Душанбе ва бозии ҷавобӣ рӯзи 7 июн дар Дакка баргузор мешавад.

Дар марҳилаи аввали бозиҳои плей-офф даҳ даста ширкат мекунад. Дастаҳо мувофиқи қуръакашӣ ба ҷуфтҳо созмон дода мешаванд. Панҷ ғолиби бозиҳои плей-офф ба марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳхат мегирад.

Дар сурати дар ин марҳила комёб нашудан, мунтахаби Тоҷикистон боз як имконияти баромадан ба марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми навбатии  Осиёро дорад. Панҷ дастаи мағлуби бозиҳои плей офф ва мунтахаби Бутан, ки мувофиқи Низомномаи баргузории Ҷоми Осиё-2019 аз ин марҳила ба мусобиқа ҳамроҳ мешавад се ҷуфтро ташкил дода дар бозиҳои иттисолӣ вомехӯранд. Се дастаи ғолиб соҳиби роҳхати марҳилаи гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 мешаванд. Фақат се дастаи мағлубшуда аз идомаи мусобиқа ва иштирок дар бонуфузтарин сабқати футболи осиёӣ берун мемонад.

Аз ёздаҳ, ҳашт дастаи марҳилаи плей-оффи якум ба 16 мунтахаби марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 бошад 24 мунтахаб ба 6 гурӯҳи 4 дастагӣ тақсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф (ҷамъ 12 даста) ба марҳилаи баъдӣ мебароянд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор хоҳад шуд. Инро ҳам бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми навбатии Осиё барои бори аввал 24 мунтахаб иштирок мекунад. Қаблан, дар ин сабқат 16 мунтахаби пурқувваттарини Осиё иштирок мекард.

 

Қуръакашии бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019:

Бозиҳои якум:

2 июн (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Тайбэт Чин – Камбоҷа

Малдив – Яман

Малайзия – Тимори шарқӣ

Лаос – Ҳиндустон

Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (сешанбе)

Бангладеш – ТОҶИКИСТОН

Камбоҷа – Тайбэи Чинӣ

Яман – Малдив

Тимори Шарқӣ– Малайзия

Ҳиндустон – Лаос

Добавить комментарий